сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҚОСИМ-ЖОМАРТ ТОКАЕВ
13 январ суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Сарварони давлатҳо вазъи кунуниро дар Қазоқистон матраҳ намуданд. Муҳтарам Президенти Қазоқистон дар хусуси барқарор гардидани суботу оромӣ дар кишвар ва сар аз имрӯз оғоз гардидани хуруҷи неруҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД аз ҷумҳурӣ ба Пешвои миллат маълумот доданд. Муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидат изҳори сипос карда, таъкид сохтанд, ки низомиёни Тоҷикистон, ки дар ҳайати маҳдуди неруҳои сулҳофари СААД дар Қазоқистон қарор доранд, 14 январ ба Тоҷикистон бармегарданд.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2022 №: 12 Мутолиа карданд: 894