Хабарҳо
ХАТЛОН. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ
Бо таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон дар доираи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар се соли охир 8256 иншоот ба истифода дода шуд, ки иҷрои нақша 107,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ин нукта зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022, ки бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир шуд, ироа гашт.
Тавре шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад, танҳо соли 2021 дар вилоят 2 445 иншоот ба истифода дода шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва саҳми соҳибкорон имкон фароҳам овард, ки роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳудуди вилоят дар ин давра навсозӣ шаванд.
Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар давоми солҳои охир имконият барои таъмини рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар гардид. Ҳамин буд, ки соли 2021 рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят 109,1 фоиз таъмин шуд.
Гуфта шуд, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 10,2 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 – ум 1,4 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ин ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва таъмини садҳо нафар бо ҷойи кор ва бунёду навсозии корхонаҳои саноатӣ мусоидат намуд. Аммо тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, имконияти вилоят барои бунёду навсозии иншооти соҳаи саноат ҳанӯз пурра истифода намегардад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки се минтақаи озоди иқтисодии дар ҳудуди вилоят буда ва дигар имкониятҳо ҳарчи бештар барои рушди саноат истифода шаванд. Дар ин баробар, корхонаҳо бояд бо назардошти дурнамо бунёд гарданд, то фаъолияти доимии он таъмин гардад.
Солҳои охир дар самти таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ натиҷаҳои баланд ба даст омаданд, аммо ин ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Айни замон дар вилоят татбиқи зиёда аз 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дорад.
Сарвазири мамлакат бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат масъулонро барои чораандешӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳо барои ҷалби сармояи мустақим вазифадор намуд.
Муваффақияти кишоварзони вилоят дар самти ҷорӣ намудани таҷрибаи муосири кишту парвариш ва дар ҳамин асос аз як замин гирифтани се-чор ҳосил барои таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ мусоидат намуд. Дар маҷмуъ, ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят дар ин давра 20,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 –ум 6,1 фоиз зиёд аст.
Соли гузашта аз вилояти Хатлон ба хориҷа 117,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба нақша 22,4 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Дар ин баробар, масъулон барои дар заминаи татбиқи имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва истифодаи пурраи имкониятҳо барои равнақ додани парандапарварию моҳипарварӣ вазифадор шуданд.
Тавассути беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида имкон фароҳам мегардад, ки дар вилоят майдони кишти зироат ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ боз ҳам зиёд шавад.
Вусъати бунёди иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ барои дар шароити замонавӣ ҳарчи бештар ба таҳсил фаро гирифтани наврасон ва беҳтар шудани хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ мусоидат намуд.
Иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ин самт дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Хуросон, Ҷайҳун ва Абдураҳмони Ҷомӣ беҳбудӣ мехоҳад. Таъкид гардид, ки барномаҳои давлатӣ бояд бо назардошти имконияти мавҷуда дар асоси омӯзиш ва таҳлилҳои дақиқ қабул шавад, то иҷрои он таъмин гардад.
Қоҳир Расулзода масъулонро барои иҷрои саривақтии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва рушди бахшҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят вазифадор намуд.
Ҳамзамон, ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври вилоятии озмуни кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, ҷамоати шаҳраки беҳтарин ва оилаи беҳтарин, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Хатлон эълон шуда буд, ҳавасманд гардонда шуданд.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 896