Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
РТ. Вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу ба Президенти Россия Владимир Путин дар бораи натоиҷи кори неруҳои посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон гузориш медиҳад. Дар ин бора котиби матбуотии раҳбари Россия Дмитрий Песков хабар дод.
ТАСС. НАТО омода аст, ки ба Россия дар шакли хаттӣ оид ба масоили амният пешниҳодҳои мушаххаси худро ироа намояд. Дар ин бора Йенс Столтенберг, Дабири кулли НАТО, зимни нишасти матбуотӣ дар Брюссел изҳор дошт.
ТАСС. Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон ва Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг муҳим медонанд, ки Россия дари муколамаро набандад ва дар баҳсҳои созанда ширкат намояд.
RT. 17 январ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар ҷаласаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), ки тавассути видеоконфронс баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
INTERFAX.RU. Намояндаи доимии Россия дар САҲА Александр Лукашевич гуфт, ки Россия аз шарикони САҲА ба пешниҳодҳои худ дар бораи кафолатҳои амниятӣ посухи муносиб нагирифтааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 886