фарҳанг
“ТОҶИКФИЛМ”. ФАТҲИ ҚУЛЛАҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Кино ҷузъи муҳимтарини ҳаёти фарҳангии мамлакат ба ҳисоб меравад ва пайваста зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат зимни баромадҳояшон доимо таъкид мекунанд, ки синамонигорони тоҷик бобати тарбияи ҷомеа дар руҳияи созандагӣ ва нигоҳи нек ба ояндаи дурахшон бояд муаррифгари кишвар бошанд.
Ин нуктаро Муҳаммадсаид Шоҳиён, директори Муаассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, зимни ҷамъбасти солонаи муассиса иброз намуд.
Қайд гардид, ки дар ин давра Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” истеҳсоли филмҳои ҳунарӣ, мустанади таърихӣ, илмӣ-оммавӣ, тасвирӣ, бачагонаро ба роҳ монда, ҳамзамон, барои сабту наворбардории рафти сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳо ва чорабиниҳои сиёсию давлатӣ кормандони эҷодию техникии муассиса ҷалб карда шуданд.
Филмҳои ҳунарии кӯтоҳи “Насиб” бо коргардонии Шарофат Арабова, “Этюд”-и коргардон Мумин Қодиров ва “Додараки фариштаҳо” аз рӯйи асари Сайф Раҳимзоди Афардӣ, бо коргардонии Умед Мирзоширинов пурра омода гардида, ба ҳайати мушовара ва Шурои бадеии муассиса пешниҳод шуд. Соли сипаригардида филми ҳунарии “Охирин сайди сайёд” бо коргардонии Муҳаммадрабӣ Исмоилов омода гардида, нахустнамоиши он моҳи июли соли 2021 дар кинотеатри “Ватан” баргузор шуд. Филми ҳунарии “Баҳори хазонрез” аз рӯйи асари Кароматуллоҳи Мирзо “Моҷарои зиндагӣ” бо коргардонии Раҷабалӣ Пиров ва дар ҳамкорӣ бо муассисаи “Суғдсинамо” филми ҳунарии “Дов”, коргардони таҳиягар хатмкунандаи Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография, (маъруф бо номи ВГИК) Муҳиддини Музаффар дар сатҳи баланд таҳия гардида, аз ҷониби ҳайати мушовара ва Шурои бадеии муассиса қабул шуд.
Синамогарони тоҷик соли 2021 дар як қатор синамоҷашнҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Аз ҷумла, филми ҳунарии “Бачаи обӣ”- и коргардон Файзулло Файз дар ҷашнвораи байналмилалии “Само” дар Шветсия ҷоизаи махсуси ҳакамонро сазовор шуд. Филми бадеии кӯтоҳи “Насиб” дар синамоҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусулмонии шаҳри Қазони Федератсияи Россия, синамоҷашнвораи байналмилалии Байконури Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат намуд ва дар Озмуни байналмилалии форуми нуҳуми филмҳои ҷавонони кишварҳои ИДМ “Умут”, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид, соҳиби ҷоизаи махсус гардид. Ҳамзамон, филми ҳунарии «Охирин сайди сайёд», ки аз рӯйи асари нависандаи шинохта Аброр Зоҳир рӯйи навор омадааст, дар барномаи озмуни асосии филмҳои пурраи ҳунарии ХХХ – юмин Фестивали кушоди синамои кишварҳои ИДМ ва кинематографияи миллии «Киношок» ширкат намуд.
Соли гузашта ҳамкориҳои МД “Тоҷикфилм” бо синамогарони кишварҳои хориҷӣ густариш ёфт. Дар ҳамкорӣ бо сафорати Россия дар Тоҷикистон аз 3 то 7 майи соли 2021 “Фестивали филмҳо бахшида ба 76-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров баргузор гардид. Дар чорабинӣ сафирони кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамзамон, аз 19 то 22 май Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ доир шуд, ки аз ҷониби роҳбарияти олии кишварҳои дӯсту ҳамҷавор Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сазовори баҳои баланд гардид.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбе-кистон дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои синамогарон Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Меморандуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид. Ҷиҳати амалисозии моддаи 15 Меморандуми ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 27 сентябр то 4 октябри соли 2021 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ин замина филмҳои ҳунарӣ ва мустанади “Тоҷикфилм”, аз ҷумла филмҳои ҳунарии «Рустам ва Суҳроб», «Қисмати шоир»-и коргардон Борис Кимёгаров, «Муаллим»-и коргардон Носир Саидов, «Сафари ҳавоӣ»-и коргардон Далер Раҳматов, «Рақси зиндагӣ»-и Муҳаббат Сатторӣ, «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимов, «Автобус»-и Абдулҳай Зокиров ва филмҳои мустанади «Ваҳдати миллӣ»-и коргардон Абдулҳай Зокиров ва «Шинохти Саразм»-и коргардон Рустам Сатторзода дар шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Андиҷону Фарғона ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ин давра пешниҳоди президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба таҳияи филми ҳунарӣ дар бораи таърихи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, дар симои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва дар ин самт аз ҳар ду ҷониб гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, таҳия, коркард ва эҷоди филмнома мавриди омӯзиш қарор гирифт. Айни замон ду лоиҳаи синамоии муштарак, аз қабили филми ҳунарии таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ”, филми ҳунарии “Ситораи ноаён” - и коргардон Муҳаббат Сатторӣ мавриди коркард ва таҳия қарор доранд.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус аз 6 то 9 октябри соли 2021 дар шаҳри Минск Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, филмҳои ҳунарии «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов, «Хаёлпарастони музофотӣ»-и коргардон Румӣ Шоазимов, «Автобус»-и коргардон Абдулҳай Зокиров, филми кӯтоҳи бадеии «Дӯғоб»-и Зайнулобиддини Мӯсо ва филми мустанади «Шинохти Саразм»-и Рустам Сатторзода манзури алоқамандони синамо гардид. Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” аз 24 то 26 ноябри соли 2021 дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи байналмилалии Гётеи шаҳри Тошканд Фестивали филмҳои беовоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир намуд, ки муддати се рӯз алоқамандони синамо аз филмҳои беовози истеҳсоли “Тоҷикфилм”, “Ӯзбекфилм” ва як филми тасвирии истеҳсоли Олмон бархӯрдор шуданд.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2022 №: 13 Мутолиа карданд: 1706