logo

иҷтимоиёт

“ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”. Андешаву хулосаҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмади Маҷид аз даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ (“Ҷумҳурият”, 7 январи соли 2022)

 Андешаву хулосаҳои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмади Маҷид аз даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ (“Ҷумҳурият”, 7 январи соли 2022)

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангпарваронаи худ таваҷҷуҳи асосиро ҳамеша ба таҳкими бунёди маънавии ҷомеа ва ташаккули афкори эҷодиву созандаи мардум зоҳир менамоянд ва дар партави ин сиёсат соҳаи фарҳанг вусъати тозаро касб намуда, барои кашфи падидаҳои нави фарҳангиву ҳунарӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ заминаҳои боэътимодро фароҳам оварда истодаанд.
Бо сарфарозӣ метавон иброз намуд, ки дар радифи дигар ибтикороти Пешвои миллат вобаста ба рушду муназзамгардонии соҳаи санъату ҳунар, роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» далели таваҷҷуҳи бевосита ба фарҳанги миллӣ мебошад.
Ин аст, ки дар соли тантанаҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ АП-42, аз 11 феврали соли 2021) ин озмун бори сеюм баргузор гардид. 
Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола баъд аз анҷоми ин озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷагирии ҷиддӣ ба хотири боз ҳам мукаммал гардидани он бо ҷалби мутахассисони соҳа, алалхусус, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Низомномаи онро такмил медиҳад ва дар мувофиқа бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳайати ҳакамонро барои даврҳои дуюм ва ниҳоӣ муайян мекунад.
Соли 2021 муаллифи мақола дар ҳайати ҳакамони даври дуюми озмун дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд шомил буд ва то инҷониб ягон эроде ё пешниҳоде бобати рӯй надодани нофаҳмиҳо дар даври ниҳоӣ на ба Вазорати фарҳанг ва на ба Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод накардааст. 
Дигар он, ки дар рафти баргузории даври ниҳоӣ муаллиф дар ягон номинатсия ширкат надошт. Аксари андешаҳо ва хулосаҳои баёнгардида, ба андешаи мо, аз забони он касонест, ки нисбат ба аъзои ҳакамон ғараз доранд, баён гардидааст. 
Бо итминон метавон иброз намуд, ки дар ҳамаи номинатсияҳо аз ҷониби ҳайати ҳакамони бонуфуз ба малакаи иҷрокунандагӣ, диапазон, интихоби дурусти мавзуъ, раванди бадеияти суруду оҳанг, донишҳои бунёдии фанҳои мусиқӣ ва азбарнамоии малакаи техникаи иҷрокунандагӣ, симо ва маҳорати саҳнавӣ, мусиқӣ ва матни шеърии интихобнамудаи иштирокчиён дуруст ва воқеъбинона баҳо дода шудааст. 
Оид ба андешаҳои муаллиф вобаста ба интихоби репертуар ва иҷрои сурудҳо аз ҷониби наврасон танҳо ҳаминро мехоҳем қайд намоем, ки таъсиси шаклҳои гуногуни коллективҳои эҷодию мусиқии бачагона ва наврасон, таъсис додани Филармонияи давлатии бачагона дар назди Вазорати фарҳанг яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ташаккули фарҳанги маънавии наврасону ҷавонон дар заминаи арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Мо танҳо вобаста ба номинатсияи композиторӣ мехоҳем андешаронӣ намоем.
Мусаллам аст, ки имрӯз дар радифи омоданамоии кадрҳои соҳаи фарҳангу санъат, зарурияти тарбияи кадрҳои нави композитории тоҷик пеш омадааст, ки он метавонад таконе барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва эҳёи анъанаҳои беҳтарини мактаби композитории тоҷик, инчунин, ҷараёни ташаккулёбии мусиқии муосири тоҷик гардад.
Имрӯз муаллиф як зумра ҳакамон - мутахассисони варзидаи санъати мусиқии касбиро ба бесалоҳиятӣ гунаҳкор мекунад. 
Агар оид ба навиштани партитураҳои асарҳои довталабон аз ҷониби дигарон факту далел дошта бошад, чаро то ба имрӯз хомӯш буд?
Оид ба эроди вобаста ба бартарияти жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ, маблағи мукофотҳо. Аввалан, эҳтироми озодии шахсияти эҷодкор ва шаклҳои гуногуни худбаёнии фарҳангӣ бояд ба ҷой оварда шавад, чунки ҳар он чӣ эҷод мешавад, маҳсули заҳмати фикрӣ аст ва бояд қадрдонӣ карда шавад. Барои мисол беҳтарин оҳангсозони гузашта ва имрӯзаи мо оғози фаъолияти эҷодияшонро аз мусиқии анъанавӣ ва халқӣ, аз ҷумла Ф. Солиев, З. Шаҳидӣ, Ф. Шаҳҳобов, Ф. Соҳибов, Ф. Одина, Т. Сатторов, А.Мӯсозода, С. Ҳамидзода, Ш. Қосимзода ва сарояндагони шинохтаи кишварамон Б. Ниёзов, М. Баҳодуров, Ҷ. Муродов, О. Ҳошимов, З. Нозимов, Д. Холов, С. Билолов, Ҷ. Набиев сарманшаъ гирифтаанд.
Он шахсеро, ки дар номинатсияи композиторӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид, барои чӣ дар даври дуюм, ки аъзои ҳакамон буд, ба даври ниҳоӣ роҳ дод? Ҳол он, ки ба довталаб Ҷалолиддинхон Салойдинхонов барои иҷрои асари Рапсодияи № 3 барои фортепиано 10-хол баҳо гузошт ва ӯро таърифу тавсиф намуд. Айни ҳол номбурда дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов дар бахши якуми кафедраи композиторӣ ва хониши партитура таҳти роҳбарии яке аз композиторони муваффақ, хатмкардаи Консерваторияи ба номи П. Чайковскийи шаҳри Москва Лола Толис таҳсил менамояд. 
Муаллиф 2 нафар шогирди композитори ҷавон Бахтиёр Убайдзодаро номбар намудааст. Аввалан, асари Лутфуллои Раҳматулло ба талаботи озмун мутобиқ набуд, баъдан, Беҳрӯз Сайффиддинов ҷойи дуюмро соҳиб гардид, яъне аз ҷой бенасиб намондааст. 
Вобаста ба Фирдавс Ёров бояд қайд намуд, ки номбурда дар даври якум ва дуюми озмун ду асарро пешниҳод намуд ва он асаре, ки бо унвони “Сабоҳ” - пейса барои оркестри симфонӣ ба даври ниҳоӣ пешкаш кард, аз даври дуюм такрор буд, ки ба талаботи Низомномаи озмун ҷавобгӯй набуд.
Илова ба ин, Фирдавс Ёров дар рафти бақайдгирии иштирокчиёни даври ниҳоии озмун низ ширкат надошт. 
Инчунин, ба чандин даъвати роҳбарияти Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҷиҳати ҳамкорӣ посух намедиҳад.
Нисбат ба ҷоизадор дар номинатсияи композиторӣ, бахши академӣ Парвиз Баротов аз шаҳри Левакант метавон гуфт, ки ӯ хатмкунандаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Точикистон ба номи М. Турзунзода буда, айни ҳол ҳамчун оҳангсоз ва танзимгари мусиқӣ (аранжировшик) дар чорабинихои фарҳангии вилояти Хатлон фаъол мебошад. Дар раванди навиштани партитура ӯ бо устодаш Шералӣ Қосимзода ва композитор Далер Тиллоев ҳамкорӣ намудааст, ки ин ба талаботи Низомномаи озмун мухолифат надорад.
Дар рафти баҳогузорӣ ба композиторон, бо ҳар яке аз иштирокчиёни номинатсияи композиторӣ вобаста ба фанҳои назариявӣ, техникаи композитсия, тарзи созбандӣ ва фактура дар партитура ва клавири пешниҳодгардида, хусусиятҳои хоси таълифоти мусиқӣ, мутобиқати шаклу мазмуни асари мусиқӣ ва ғайра суҳбат карда шуд, ки шоҳиди он тамоми аҳли толор буданд. 
Хуб мебуд, ки муаллиф дар такмили Низомномаи озмун ширкат мекард.
 
 
Амирбек МӮСОЗОДА,
Қудратулло ҲИКМАТОВ,
Ворис РАҲМОНЗОДА,
Шералӣ ҚОСИМЗОДА,
Далер ТИЛЛОЕВ, 
ҳайати ҳакамон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2022    №: 13    Мутолиа карданд: 797
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед