Хабарҳо
Рӯйдодҳои илмӣ
НУСХАИ "ШОҲНОМА" МАНСУБ БА АСРИ XV
Он ба Маркази мероси хаттии АМИТ ворид шуд
Дар ин бора Шодиҷони Рамазон, котиби илмии маркази мазкур, хабар дод. Ба иттилои ӯ нусхаи «Шоҳнома» то ин замон дар бойгонии шахсии Ҷаббор Қурбонов нигоҳдорӣ мешуд.
Тибқи иттилои дастрас нусхаи воридшуда аз 133 варақ (266 саҳифа) ва 14 миниатюраи ранга иборат мебошад, ки ба андешаи коршиносон онҳо арзиши ҷудогонаи таърихӣ ва ҳунарӣ доранд.
- Дар миниатюраҳо бештар саҳнаҳои набард, лаҳзаи шикори шоҳон, шикори шер, ҷангҳои тан ба тан, дарбори шоҳон ва акси кушта шудани Суҳроб бо дасти Рустам тасвир шудааст, - мегӯяд Шодиҷони Рамазон.
Зимнан, нусхаи мазкур нисбат ба нусхаҳои дигари хаттии “Шоҳнома”, ки дар кишвар мавҷуданд, аз лиҳози таърихи китобат қадимтар мебошад.
САЁҲАТИ КАЙҲОНӢ
Олимон ба ин хотир дастгоҳи махсус ихтироъ карданд
Ширкати испании EOS-X Space нақша дорад, ки ояндаи наздик сайёҳии кайҳониро роҳандозӣ намояд. Олимони ширкат ба ин хотир дастгоҳи махсусе ихтироъ намудаанд, ки дохили он то 5 нафар бидуни либоси махсус ва омодагии пешакӣ ба баландии беш аз 40 км парвоз хоҳанд кард.
Дар ин бора сомонаи «Наука и техника» хабар додааст. Тавре дар сомона омадааст, арзиши чипта барои як нафар аз 150 000 то 200 000 доллар пешбинӣ мегардад. Тибқи нақша аввалин парвози тиҷоратӣ соли 2023 оғоз гардида, ширкат мехоҳад давоми 10 сол 10 000 сайёҳро ба кайҳон фиристад. Сафарҳои кайҳонӣ то 5 соат идома хоҳанд ёфт.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 866