logo

иқтисод

СУҒД. СОЛИ 2021 БО ДАСТОВАРДҲОИ ШОИСТА ҶАМЪБАСТ ШУД

Сокинони вилояти Суғд соли сипаришударо дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карданд. Ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва таҷдиду барқарорсозии 7577 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, солҳои 2018 - 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону барқароркунӣ ва таъмиру тармими 8138 иншоот ба итмом расонда шуд, ки иҷрои нақша 107,4 фоиз таъмин гардид.
 
Дар ин бора зимни ҷаласаи ҷамъбастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соли 2021, ки бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид, иттилоъ дода шуд.
 
НАҚШАИ ДАРОМАДИ БУҶЕТ  106 ФОИЗ ТАЪМИН ШУД
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар ҷамъомад гуфта шуд, ки ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2021 дар вилоят ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда 122 корхонаву коргоҳ бо 3056 ҷойи нави кор ба фаъолият шуруъ намуд.
Аз ҷумла, соли гузашта баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди корхонаҳои дӯзандагии либосҳои милливу мактабӣ  ва пойафзолдӯзӣ 17 коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 222 ҷойи нави корӣ ва 2 коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва 20 ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Дар вилоят феълан 8 коргоҳи пойафзол фаъолият дошта, соли гузашта 375,2 ҳазор пойафзол истеҳсол кардаанд.
Дар ин давра нақшаи даромадҳои Буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106,2  фоиз таъмин гардида, ба буҷет 3 миллиарду 277,1 миллион сомонӣ  ворид шуд, ки аз нақша 192,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
Чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 1097,5 миллион сомонӣ, тандурустӣ 543,3 миллион, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 23,1 миллион,  фарҳангу варзиш 215,4 миллион ва, дар маҷмуъ, 1879,3 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 79 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.
 
ҶАЛБИ 258,8 МИЛЛИОН ДОЛЛАР САРМОЯ
Дар раванди  таъмини самтҳои афзалиятноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷрои ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ маҳаки асосӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои чор ҳадафи стратегӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъат додани шуғли пурмаҳсул  ҳамаи захираву имкониятҳо ҷалб карда шуданд.
Бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.
Барои ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ низ корҳои муайян ба сомон расонда шуда, соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 258,8 миллион доллари ИМА  сармоя, аз ҷумла 238,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ва 20,4 миллион доллар сармояи дохилӣ, ҷалб гардид.
 
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ  БА 12 МИЛЛИАРД РАСИД
Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 12 миллиарду 299,6 миллион сомонӣ расонданд. Дар соҳаҳои рустанипарварӣ ба маблағи 8919,3 миллион ва чорводорӣ ба маблағи 3380,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Барои ҳосили соли 2021 дар масоҳати 279755,5 гектар кишт гузаронда, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Аз майдони умумии кишт 234812 гектар ба корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 44943,5 гектар ба аҳолӣ рост меояд.
Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 530000 тонна картошка, 172110,5 тонна пиёз,  93340,7 тонна мевагӣ, аз ҷумла 37506 тонна зардолу ва 33779,6 тонна себ, 54734,3 тонна ангур, 155373,9 тонна полизӣ истеҳсол шудааст. 
Тибқи дурнамо бунёди 170 гектар боғ ва 18 гектар токзор пешбинӣ гардида, амалан дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 774 гектар боғ ва 26 гектар токзори нав бунёд карда шуд. Ҳамзамон, дар масоҳати 1280 гектар боғ ва 72 гектар токзор барқарор гардид.
 
20290 НАФАР БО КОР ТАЪМИН ШУД
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20 миллиарду 940,4 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли 2020 бо нархҳои муқоисавӣ 3 миллиарду 428,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи вилоят дар маҷмуи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 55 фоиз расонда шуд.
Баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши  иқтидори  содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.
Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда равона гардид. Аз ҷумла, 1393,9 ҳазор тонна семент ва 1692,8 ҳазор тонна ангишт истеҳсол гашт. Истеҳсоли орд 495,8 ҳазор тонна ва равғани рустанӣ 4132,8 тоннаро ташкил намуд.
Давоми соли гузашта барои бо кор таъмин шудани 20290 нафар мусоидат карда шуд, ки 107,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
 
1700 КАТИ ЗАХИРАВӢ БАРОИ КАРАНТИН
Дар соҳаи тандурустии вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 503 иншоот ба итмом расонда шуд.
Дар вилоят се беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 1030 кат фаъолият дошта, инчунин, 1700 кати захиравии карантинӣ омода шудааст. Ҳамзамон, 21 муассисаи тандурустии вилоят дар ҳолати зарурӣ бо 5075 кат фавран омода мешавад. Соли гузашта шуъбаҳои наҷот ва муолиҷаи интенсивии муассисаҳои тандурустӣ бо 100 дастгоҳи нафаси сунъӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ таъмин гардид, ки қисми зиёди онҳо феълан дар ҳолати корӣ қарор доранд.
 
БЕШ АЗ 800 МЕДАЛИ ТИЛЛО ДАР ЯК СОЛ 
Дар вилоят айни ҳол 2798 иншооти соҳаи варзиш амал мекунад. Ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру навоҳии вилоят, дар маҷмуъ, 67 иншооти варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон мавриди истифода қарор гирифт.
Варзишгарони вилоят дар мусобиқоти дохили ҷумҳурӣ ба гирифтани 800 медали тилло, 695 нуқра ва 886 биринҷӣ мушарраф шуданд. Инчунин, варзишгарон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба вилоят 72 медал, аз ҷумла 15 тилло, 22 нуқра ва 35 биринҷӣ оварданд.
Соли сипаришуда дар вилоят 3924 чорабинии варзишӣ баргузор шуд, ки дар онҳо 80268 нафар иштирок дошт. 
 
ТАШРИФИ 138 ҲАЗОР САЙЁҲ БА ВИЛОЯТ
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ соли гузашта дар вилоят 2 ширкати нав ташкил ёфта, ҳоло дар шаҳру навоҳии вилоят 40 ширкат ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ  - Шурои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд. 
Айни ҳол дар ҳудуди вилоят 93 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳ, 4 лагер, 1 хона ва як базаи истироҳатӣ бо 6873 ҷой, 44 осорхона, 753 мавзеи таърихӣ ва 97 зиёратгоҳ мавҷуд аст. 
Соли 2021 аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилоят зиёда аз 138 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ дидан намуданд.
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ давоми солҳои 2018 - 2021 дар вилоят 19 боғи фарҳангию фароғатӣ, 48 гулгашт, 513 маркази савдо,  702 маркази хизматрасонӣ ва 44 меҳмонхона бунёд ва таъмиру навсозӣ шуд.
Ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии минтақа ва беҳтар кардани дастрасӣ ба иттилоот, сомонаи сайёҳии вилоят фаъол гардида, дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маводи зарурӣ ҷой дода шудааст. Инчунин, китоби роҳнамои сайёҳии вилоят «Туризм и ремесло» (Северный Таджикистан) ба забонҳои хориҷӣ таҳия ва нашр гардид. Маҷаллаи «Tajikistan´s guide» бошад, дар таҳрири нав нашр шуд.  
Дар маҷмуъ, дастовардҳои вилоят шаҳодати он аст, ки мардуми ин минтақаи зебои кишвар бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда минбаъд низ барои пешрафту шукуфоии Ватани соҳибистиқлоламон ҷаҳду талош менамоянд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2022    №: 14    Мутолиа карданд: 1524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед