иҷтимоиёт
ШУКР ГӮЙӢ, НЕЪМАТАТ АФЗУН ШАВАД...
Дар замони муосир, ки вазъи геополитикии сайёра хеле муташанниҷ мебошад, давлатсозӣ, посдории арзишҳои миллӣ ва онро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардан, кори сангин аст. Дар чунин вазъи ҳассос ва ҳар лаҳза тағйирёбанда Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои тоҷикони ҷаҳон тавонист давлати навини тоҷиконро бунёд намуда, онро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ба оламиён муаррифӣ намояд.
Насли наве, ки дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба воя расид, аз ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камтар огоҳанд. Аз ин сабаб, ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ кардани дастовардҳои истиқлол ва ҳамчун намунаи олии ҷавонмардӣ нишон додани кору пайкори мондагори Сарвари кишвар зарур ва ҳатмист.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон истиқлолро гӯё осон ба даст овард, аммо дар давоми ин шодмонӣ мардуми мо бо иғвои дасисабозон ва душманони халқи тоҷик гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуд. Тоҷик парешон ва Тоҷикистон дар арафаи пора-пора шудан буд. Хонаҳои ободу зебо валангор ва мардум гурезаю фирорӣ гашт. Аз вазъияти “муносиб” душманон истифода бурда, ба равғани маҳалгароён оташ заданд, як миллатро ба маҳалу қавму кӯчаву бозор ҷудо карданд. Хуни ноҳаққи ходимони илму фарҳанг, тиб, санъат, рӯзноманигорон рехт. Киштии тақдири миллат дар гирудори тӯфони сахте қарор дошт.
Дар ҳамин шабу рӯзи ногувору вазнин Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва ҳамчун абармарди тавоно мардона тақдири миллати парешонгаштаро ба даст гирифтанд. Ёдамон ҳаст, дар Қасри Арбоб ин суханони Пешвои миллат ҳамаро ба ваҳдат мехонд: “Рафиқон, бародарон, кӣ намехоҳад, ки дар кишварамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармо бошад, кӣ намехоҳад, даст бардорад”.
Ҳама хомӯш, дар баҳри андеша ғарқ, ба чашмони пур аз нури Эмомалӣ Раҳмон менигаристанд. Ин савол посух намеҷуст, зеро ҳама ба ҷону дил сулҳ мехост. Дар идомаи сухан бо қатъият ва иродаи матин гуфт: “Ман ба шумо сулҳ меорам!”
Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон киштии ғарқшудаи миллатро аз тӯфони марг бо хиради азалӣ ва азму иродаи қавӣ амон бахшид. Имрӯз халқи мо шукргузор аст, ки Худованд ба мо Сарвари оқилу маорифпарвар ва хирадмандро эҳдо намуд. Чунин инсони бузург ва неъмате бо номи сулҳу озодӣ боис ба шукргузории бардавом аст: "Шукр гӯйӣ, неъматат афзун шавад..."
Шамсинисо НИЗОМОВА,
омӯзгори фанни забони англисии МТМУ № 32,
ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.01.2022 №: 14 Мутолиа карданд: 1440