иҷтимоиёт
ЯЗГУЛОМ. НИГИНЕ, КИ БО ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶИЛОИ ТОЗА ГИРИФТ
Амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ, ки дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархунда ва шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти баландкӯҳ ва дурдасти ноҳияи Ванҷ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буданд, бомаром идома доранд. Аз ҷумла, дар деҳоти Язгулом бештар аз 20 иншооти самти иҷтимоӣ, энергетикӣ ва саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт.
Сокинони ин водии баландкӯҳ, ки солҳои дароз аз норасоии неруи барқ танқисӣ мекашиданд, ҳоло пурра бо барқ таъминанд. Пеш аз ҳама, бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат Неругоҳи барқи обии «Андарбак» сохта шуд. Хати баландшиддати барқии Шидз – Деҳ – Шпад - Язгулом аҳолии 8 деҳаро бо барқи доимӣ таъмин кард. Дар ин давра роҳи мошингард то деҳаи Зайч, охирин деҳаи ноҳия, аз ҷониби коргарон ва механизаторони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ расид. Ҳамчунин, дар ин давра дар шафати шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма макони нави аҳолинишини Дашти Язгулом арзи вуҷуд намуд. Бештар аз 60 гектар замин ва боғ дар ин масир обёрӣ гардид. Дар наздиктарин фурсат бунёди қитъаи ин шоҳроҳи аср аз Қалъаихумб то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, ки аз ҳудуди деҳоти Язгулом мегузарад, сар мешавад. Ин муждаро дар рӯзҳои Ҷашни муборак – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми водии Язгулом расонданд.
Сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ Исмоил Аҳмадов иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти роҳдорӣ дар ҳудуди деҳоти Язгулом бисёр корҳои муҳим ба ҷо оварда шуданд. Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Вазорати нақлиёт роҳи бештар аз 30 - километраи Дашти Язгулом – Жамаг - Зайч мувофиқи шароит ва имкониятҳо тахту ҳамвор гардидааст. Дар ин давра пули мошингарди мавзеи Шавуд- Будун аз болои рӯди Язгуломоб бунёд шуд. Панҷ сол муқаддам дар натиҷаи фаромадани сели калон пули нақлиётгузари болои дарёчаи Мотравноб валангор шуда буд. Бисёр хуш аст, ки ҳамин сол бо кумак ва маблағгузории Вазорати нақлиёти мамлакат пули нақлиётгузари деҳаи Мотравн аз нав сохта шуд, ки боиси фараҳмандии деҳнишинон гардид.
Муовини аввали раиси ноҳияи Ванҷ Азим Шамсиддинов, ки дар ифтитоҳи пули нақлиётгузари деҳаи Мотравн иштирок дошт, сокинонро аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти самти роҳдорӣ табрик ва муборакбод намуда, иттилоъ дод, ки ҳоло бо ҳамдастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони хориҷии рушд дар водии зебо ва хушманзараи Язгулом боз 3 пули мошингузар аз болои рӯдхонаи Язгуломоб ва дарёчаҳои кӯҳӣ сохта шуда истодааст. Ҳамчунин, дар водии Ванҷи Боло низ 5 пули нақлиётгузар, дар маҷмуъ, 8 пули иқтидори борбардориашон 60 – 100 тонна бунёд мегардад. Ҳоло аз ин ҳисоб 4 пул мавриди истифода қарор гирифт.
Мардуми деҳоти Язгулом дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ободу шукуфон гаштани водии Ванҷи Болоро аз амалҳои ободониву созандагӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат дониста, изҳори сипос менамоянд. Онҳо аз самими қалби пурмеҳру муҳаббат мегӯянд:
«Некии Шумо ҳеҷ фаромӯш нагардад».
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.01.2022 №: 14 Мутолиа карданд: 633