logo

иҷтимоиёт

«НУРИ ШИФО» БА ШУМО ҲАМ САЛОМАТӢ ВА ҲАМ ЗЕБОӢ МЕБАХШАД

Маркази ташхисӣ - тиббии «Нури шифо» аз марказҳои табобатии муосире ба шумор меравад, ки дар он барои ташхису муайян намудани беморӣ ва табобати дурусти онҳо шароити хуб фароҳам аст.
Дар марказ бемориҳои гуногуни занонаву мардона, аз ҷумла простатит, безуриётии мардон, асаб, санги гурда табобат мешаванд. Ҳамчунин, табибони баландихтисоси марказ ба ҷавонону занон хизматрасониҳои косметологӣ мерасонанд. 
Бо назардошти зуҳури пандемияи COVID-19 ва ҳанӯз ҳам ногувор боқӣ мондани вазъи тандурустӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла хавфи сироятёбии аҳолии Тоҷикистон аз шакли нави ин беморӣ, ба марказ мутахассисони баландпояи соҳавӣ ҷалб гардидаанд. Бо иқдоми Дилбар Исмоилова, сардухтури марказ, кормандон нахуст  анализи шахси муроҷиаткунандаро бо методи таҳқиқотӣ – лаборатории иммуноферментӣ ва иммунохемилюминетсентӣ муайян менамоянд, баъдан дигар таҳлилҳои лабораторӣ, аз ҷумла ташхиси ултрасадо, анҷом медиҳанд. 
Гуфтан бамаврид аст, ки  дар марказ тамоми намуди таҳлилҳо гузаронда мешаванд, ки ин ба муроҷиаткунандагон имкон медиҳад  ба дармонгоҳу ташхисгоҳҳои дигар нарафта, бе  сарсониву саргардонӣ  ва сарфаи вақт ҳам ташхис ва ҳам табобат гиранд.
Шуҳрат Исмоилов,  асабшинос, табиби дараҷаи олӣ, ба табобати бемории системаҳои асаб машғул аст. Вай собиқаи кории беш аз 25 - сола дошта, дар таҷрибаи амалии худ аз усулҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавии тибби Шарқ, яъне сӯзандармонӣ низ хеле хуб истифода мебарад ва дар ин самт муваффақ гардидааст. Беморони асаб метавонанд аз машварат ва маслиҳатҳои табиб Шуҳрат Исмоилов дар шароити хубу бофароғати ҳуҷраи сӯзандармонӣ ва бо шунидани мусиқии форами дилнавоз ҳангоми сӯзандармонӣ баҳравар гарданд.
Бешим Одилов, табиби дараҷаи олӣ,  уролог – андролог дар муолиҷаи бемориҳои музмин ва шадиди роҳҳои пешоброн, гурда, предстательной железы, безуриётии мардон комёб гардидааст. Ӯ чун табиби ҳозиқ дониши мукаммали андӯхтаашро ҷиддан баҳри беҳтару хубтар ташхис ва муолиҷа намудани беморон равона менамояд. Мавриди зикр аст, ки Бешим Одилов усулҳои махсуси ташхис, пешгирӣ ва табобати простатити музмин ва безуриётии мардонаро дорад ва дар ин самт усулҳояшро ҳангоми ба табобат фаро гирифтани бемориҳои санги гурда, халалёбии потентсия, дисфунксияи эректилӣ истифода намуда, муваффақ гардидааст.
Дар самти  косметологӣ бошад, яъне ботулинотерапия, бартарафсозии ожангҳои қиёфавӣ, лифтинг, беҳтарнамоии инъексионии сифати пӯст (биоревитализация, мезотерапия), пилинг (тозанамоии рӯй бо роҳи механикӣ, тозанамоии рӯй бо роҳи ултрасадоӣ), ҷавонсозии лазерӣ (рӯй, даст, доғи захм) ба шумо мутахассиси баландихтисос - Арутюнян Елена Радиковна кумак мерасонад. Арутюнян Елена ҳам дерматолог, ҳам ҷарроҳ ва ҳам косметологи моҳир мебошад. Агар шумо аз мушкилоти тағйирёбии синнусолӣ дар пӯст нороҳат ҳастед, мехоҳед бо гузашти солҳо ҷавонии рӯятонро аз даст надиҳед ва аввалин нишонаҳои пиршавиро бартараф намоед, ба маркази тиббии «Нури шифо» ба косметолог ва ҷарроҳ Арутюнян Елена муроҷиат намоед. Ҳамчунин, дар марказ Дилбар Исмоилова, табиби момодоя-гинеколог, табиби дараҷаи олӣ, номзади илмҳои тиб ва Зуҳро Абдураҳимова – табиби момодоя - гинеколог, табиби дараҷаи  олӣ ва номзади илмҳои тиб фаъолият мебаранд, ки ба шумо баҳри рафъи бемориҳои занона кумак мерасонанд. 
Ба Маркази ташхисӣ - тиббии «Нури шифо» муроҷиат намуда, аз сифати баланди ташхису табобат баҳравар гардед. Нишонии марказ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ -17, телефон: + 992 – 44 - 600 – 77 – 11. 
 
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2022    №: 14    Мутолиа карданд: 1354
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед