Хабарҳо
НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. ҲАДАФ ФАРОВОНИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Хоҷагидорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти васеъ намудани майдони боғу токзор дар ноҳия тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, аз Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” – и ноҳия дидан намуд. Дар боғ боз 5 гектар боғи интенсивии зардолу ва шафтолу бунёд хоҳад шуд. Муассиса, ки соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат таъсис ёфтааст, беш аз 630 гектар масоҳат дорад.
Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва маданияти истифодабарии замин парвариши зардолу, шафтолу, себ, гелос, олу, ток ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро ба роҳ мондаанд. Бо истифода аз таҷриба боз боғҳои нави интенсивӣ ташкил мешавад.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои омодагӣ таъкид кард, ки масъулон бояд баҳри иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ зикр шуд, аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.
Маврид ба зикри хос аст, ки соли гузашта дар хоҷагиҳои деҳқонии вилоят бунёди 170 гектар боғ ва 18 гектар токзор ба нақша гирифта шуда буд. Кишоварзон дар ин муддат тавонистанд бунёди боғро дар 774 гектар ва токзорро 26 гектар анҷом диҳанд. Ҳамчунин, дар доираи барномаҳои соҳавӣ 1280 гектар боғ ва 72 гектар токзор барқарор гашт.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз гармхонаи муосири “ММК Агро” боздид карда, барои истеҳсоли ҳарчи бештари помидор ва таъмини бозорҳои мамлакат бо ин навъи маҳсулот супориш дод.
Масъулон иттилоъ доданд, ки роҳбарияти “ММК Агро” дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат боз бунёди гармхонаи навро оғоз намуданд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтан ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзун ва ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад.
Имрӯзҳо дар вилояти Суғд 464 гармхона фаъол буда, аз он 289 гармхонаи навъи чинӣ ва 4 адад навъи инноватсионӣ мебошад. Дар 278 гармхона парвариши сабзавот ва дар 186 адад парвариши лимӯ ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Майдони умумии кишти сабзавот дар гармхонаҳои хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии вилоят бошад ба 22,68 гектар расонда шуд.
Аз оғози сол то ин давра аз гармхонаҳои вилоят 27 тонна помидор, 96,1 бодиринг, 34,2 тонна дигар маҳсулот, дар маҷмуъ, 157,3 тонна сабзавоти тару тоза ба бозори кишвар пешниҳод гардид.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 843