Хабарҳо
КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАВЗЕЪҲОИ ХАТАРЗО
Директори Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсони масъул аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии сойҳои “Тебалай”, “Шураксой”, “Девонасой қитъаи № 1 ва № 2”- и шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. Ҳамасола бо мақсади пешгирӣ аз хатари офатҳои табиӣ дар ин мавзеъҳои хатаровар бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута корҳои мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозӣ гузаронда мешаванд.
Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ” ва шаҳрдории Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳу сифати баланд иҷро гардидани корҳои сохтмону соҳилмустаҳкамкунӣ ба мутасаддиёну сохтмончиён супоришҳои мушаххас дода шуд.
Айни замон корҳои соҳилтозакунӣ мувофиқи лоиҳа пурра иҷро гардида, бетонрезӣ ва васлу насби оҳану бетонӣ дар сойҳои “Тебалай”, “Шураксой” ва “Девонасой” бо суръат идома доранд. Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар сойи “Тебалай” корҳои бетонрезӣ бо дарозии 310 метр андозаи 2 ба 20,6 см, дар сойи “Шураксой” бетонрезии пул бо дарозии 6 ба 2,5 см, таҳкурсӣ ва деворҳои қубур (труба), инчунин, корҳои новарезӣ ба дарозии 400 метр бо андозаи 6 ба 3 ба 2 пурра иҷро гардида, корҳо бо маром идома дорад. Мувофиқи лоиҳа, дар сойи “Девонасой қитъаи №1” корҳои тозакунӣ, оҳану бетонӣ, новаҳо бо дарозии 220 метр бо андозаи 6 ба 3 ба 2 метр, 2 адад труба - мост ва дар сойи “Девонасой қитъаи №2” бошад, новаҳо бо дарозии 230 метр ба андозаи 6 ба 5 ба 3 метр пурра ба итмом расидааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз чораҳои пешбинигардида, ин пешгирии ҳодисаҳои фавқулода ва паст намудани хавфи офатҳои табиат дар шаҳри Кӯлоб арзёбӣ мегардад. Масъулони корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тасмим доранд, ки нақшаву супоришҳои ба зимма доштаашонро то давраи муайяншуда, ба анҷом расонанд.
Далер ШАРИФОВ, мудири бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 934