logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ЯК СОЛИ БОБАРОР

Соли гузашта барои мардуми сарбаланди тоҷик, бахусус сокинони шарафманди Хатлонзамин, хотирмону бобарор буд. Аз файзи қадамҳои Пешвои муаззами миллат ин гӯшаи зархези диёр шукуфтаву ба туфайли заҳмати содиқонаи фарзандонаш ба дастовардҳои шоёни меҳнатӣ ноил гардид. Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ  ба  27 миллиард сомонӣ расид, ки дар қиёс бо соли 2020-ум 4,9 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ин далели рӯшани пешрафти чашмраси сераҳолитарин вилояти ҷумҳурист. 
 
КИШОВАРЗӢ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ  КАЛИДИИ ИҚТИСОДИЁТИ ВИЛОЯТ  БОҚӢ МЕМОНАД 
Кишоварзӣ яке аз самтҳои пешбарандаи иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, сокинони меҳнатқарини он дар фаровонии дастархони аҳолии кишвар саҳми шоиста доранд. Соли гузашта дар вилоят 52 дарсади маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ тавлид гардид, ки ин гувоҳи рушди бомароми соҳа мебошад. 
Порсол ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 20,7 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020 шаш дарсад беш мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти соҳаи рустанипарварӣ ба беш аз 105 ва чорводорӣ ба 108 дарсад баробар гашт. Заркорон дар майдони 121 236 гектар пунбадона кишта, 270 ҳазор тонна “тиллои сафед”-ро ба хирман рехтанд, ки 96,6 дарсади нақша аст. Дар ин давра, наздики ду ҳазору сесад гектар замин шудгор шуда, дар беш аз 108 ҳазор гектари он кишти ғалладона гузаронданд. Ҳамзамон, кишоварзон қариб дар ёздаҳ ҳазор гектар сабзавоти барвақтӣ киштанд. 
Роҳбарияти вилоят барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва аз як замин гирифтани се – чор ҳосил, ташкили гармхонаҳо ва, ба ин васила, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ба ин мақсад, дар ҳаштоду чор гектар гармхонаҳои доимӣ кишти барвақтӣ ба роҳ монда шуда, 1791 тонна сабзавот, аз ҷумла қариб 881 тонна помидор, 468 тонна бодиринг ва 442  тонна сабзавоти дигар,  пешниҳоди истеъмолгарон гардид. 
 
АЗ РУШДИ САНОАТ ТО АФЗОИШИ СОДИРОТ 
Бо оне ки вилоят манбаи фаровони ашёи хом дорад, имкониятҳои равнақ бахшидани соҳаи саноат низ дучанданд. Ҳамин аст, ки тайи солҳои охир бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ се минтақаи озоди иқисодӣ –  “Данғара”, “Панҷ” ва “Кӯлоб” таъсис ёфт. Онҳо дорои 43 субъекти саноатӣ буда, маҳсулоти истеҳсолкардаашон соли гузашта наздики 79 миллион сомониро ташкил дод.  
Дар маҷмуъ, соли гузашта ба маблағи 10,2 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳол шуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 1,4 миллиард сомонӣ зиёд аст. Ҳиссаи саноати коркард 51,7 дарсад, истихроҷи маъдан 4, истеҳсоли неруи барқ  ва  газ  наздики  44 ва неруи барқу хизматрасонии об 5 дарсад мебошад.  
Дар доираи  ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат барои соли гузашта таъсиси 60 корхонаву коргоҳ дар назар буд, ки тайи ин муддат 86 корхона бо 1146 ҳазор ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.  
Дар ин давра қариб 439 тонна мағз, аз қабили 417,2 тонна писта ва 21,8 тонна фундуки корхонаҳои коркарди “Фотимаи Иброҳим” ва “Грин Голд”-и Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” ба хориҷи кишвар бароварда шуд.
Гардиши савдои хориҷии вилоят ба 562,1 миллион доллари ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 беш аз 253 миллион доллар афзудааст. Маҳсулоти кишоварзӣ манбаи асосии содиротии вилоят буда, соли гузашта зиёда аз 117 ҳазор тонна маҳсулотро ба хориҷи кишвар бароварданд. Қисми зиёди содироти молу маҳсулоти вилоят ба Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия, Чин ва Покистон  рост меояд. 
 
РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД –  ШОҲРАГҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ ҲАМВОР МЕШАВАНД 
Тавре шоҳидем, тайи солҳои ахир роҳҳои вилоят босуръат навсозӣ гардидаву мушкили рафтуомад давра ба давра ҳалли худро меёбад. Дар арафаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар (марҳилаҳои 1 ва 2) ифтитоҳ ёфт, ки дорои аҳамияти муҳими стратегист ва роҳи Тоҷикистонро ба бозорҳои минтақа мекушояд. Дарозии он 73 километр буда, бо харҷи 2,3 миллиард сомонӣ бунёд ёфтааст. Ҳамзамон, роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб – Муъминобод ва Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин дар маҷмуъ, бо дарозии 67 километр ва маблағи 544 миллиону 132 ҳазор сомонӣ ба истифода супурда шуданд. Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (марҳилаи 3)” бошад, беш аз 34 километр роҳҳои дохилии шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар таъмиру барқарор гардиданд. Гузашта аз ин, моҳи октябри соли рафта Сарвари давлат ба таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгарди Данғара – Бохтар (марҳилаи якум) ва Қизилқалъа – Бохтарро оғоз бахшиданд. Корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Ҳулбук – Темурмалик – Кангурт низ вусъат ёфтаанд. Ҳамзамон, бунёди роҳи автомобилгарди Балҷувон – Сари Хосор (34 километр) ҷараён дорад. Сохтмонро ширкатҳои “Сохтмонроҳ – 2017” ва “Паймонкори роҳ – 2017” ба уҳда доранд. 
 
СИМОИ НАВИ САРЗАМИНИ КУҲАН 
Ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон, корҳои ободониву созандагӣ авҷ гирифта, шаҳру деҳоти он симои нав касб карданд. Қобили зикр аст, ки дар доираи сохтмони иншооти ҷашнӣ дар вилоят ба ҷои 7667 бинои банақшагирифташуда, 8256-то ба истифода дода шуд. Танҳо соли гузашта 2445 иншоот, аз ҷумла 58 мактаб бо 14309 ҷои нишаст, панҷ муассисаи томактабӣ, 112 иншооти соҳаи тандурустӣ, дувоздаҳ иншооти фарҳангиву ҳаштод варзишию сайёҳӣ, чортоӣ сардхонаву фермаи парандапарварӣ, чорводорӣ, нуҳ гармхона ва 2040 манзили истиқоматӣ дар ба рӯи сокинон боз намуданд. Бо ин як қатор проблемаҳои иҷтимоӣ ҳалли худро ёфта, баҳри беҳсозии вазъи зиндагонии сокинон шароити созгор фароҳам омад. 
 
106 МЕДАЛИ ТИЛЛО АЗ ОЛИМПИАДАҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ 
Тавре ишора рафт, Хатлон аз сернуфус-тарин вилоятҳои ҷумҳурист ва табиист, ки рушди мактабу маориф аз самтҳои афзалиятноки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мебошад. Айни замон дар 1362 муассисаи таълимӣ беш аз 817 ҳазор хонанда таҳсили илм дорад. Инчунин, 159 муассисаи томактабӣ 41767 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Дари 850 маркази инкишофи кӯдак ба рӯи 24388 тифл боз аст. Боиси ёдоварист, ки тайи ин давра 3 муассисаи хусусии томактабӣ дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвону Восеъ ва 24 маркази рушди кӯдак ба истифода дода шуд. Ин муассисаҳо барои ҷалби 2925 кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ мусоидат намуда бошанд ҳам, ҳамоно мушкилот дар ин самт ба назар мерасад. Ҳамагӣ 10,2 дарсади кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд, ки барои бартарафсозии проблемаи мавҷуда роҳбарияти вилоят тадбирҳои зарурӣ меандешад. 
Таъкид намудан бамаврид аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, 606 ҷойи ифтихориро соҳиб гаштанд. 106 медали тилло, 138 медали нуқра ва 362 медали биринҷӣ натиҷаи талоши онҳо дар ҷодаи донишандӯзист.
Сокинони вилоят дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” иштироки фаъол намуда, аз 702 иштирокчӣ 472 нафараш ба даври вилоятӣ роҳ ёфт. Аз 80 нафаре, ки вилоятро дар даври ниҳоӣ намояндагӣ кард, 14 нафар  ҷойҳои ифтихориро ба даст овард. Ба ҳамин монанд, дар даври аввали озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” зиёда аз 25 ҳазор нафар ширкат варзида, 121 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Аз ин 10 нафар соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гардид. Дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” бошад, 8851 нафар иштирок намуд. Аз 78 нафари то даври охир омада, 6 кас ҷойи ифтихориро касб кард. 
 
ДИГАРГУНИҲОИ КУЛЛИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон рӯ ба рушд асту беҳтарин беморхонаҳо ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ мерасонанд. Танҳо соли гузашта бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат 89 иншооти тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир ифтитоҳ ёфт. Маҷмааи тандурустии дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ноҳияи Қубодиён, шуъбаҳои қабули беморони дил ва шикастабандӣ дар ноҳияи Ёвон, беморхонаи вилоятии сироятӣ дар ноҳияи Данғара, беморхонаи минтақавии №5 дар ноҳияи Фархор, маркази бисёрсоҳавии перенаталӣ дар беморхонаи клиникии ба номи Б. Воҳидов, маркази стомотологии вилояти Хатлон, маркази тибби Хатлон, беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара, беморхонаи хусусӣ ва осоишгоҳи барқарорсозии беморон, ташхисгоҳ ва таваллудхонаи хусусии “Фазила”  дар ноҳияи Восеъ аз ҷумлаи онҳоянд. 
Ин дигаргуниҳои куллӣ танҳо соли гузашта ба вуқуъ пайвастанд, ки дар ин замина вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гашт. Ҳамчунин, соли сипаришуда ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 65 дастгоҳи тиббӣ ба маблағи зиёда аз 25 миллион сомонӣ ворид гардид, ки ин ба сари вақт гузарондани ташхису табобат мусоидат менамояд. 
 
ДИЁРИ МУЪҶИЗАОСО
Бо ҳамаи зарфиятҳояш вилояти Хатлон макони сайру саёҳат низ ҳаст. Агар ёдгориҳои таърихиаш касро ба гузаштаи пурифтихори миллат баранд, табиати афсункору рӯду чашмаҳои мусаффояш бо меваҳои шаҳдбор оромиши руҳу қуввати ҷонанд. Аз ин рӯ, Хатлонзамин дер боз сайёҳонро мафтун кардааст. Мақбараи “Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ”-и шаҳри Кӯлоб, “Қалъаи Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ, оромгоҳи “Хоҷа Машҳад”-у мавзеъҳои “Чилучорчашма”-и ноҳияи Шаҳритус, “Ҳазрати Султон”-и ноҳияи Ховалингу “Сари Хосор”-и ноҳияи Балҷувон ё “Чил-духтарон”-и ноҳияи Муъминобод ҳар яке ба таври хос ҷаззобу дилфиребанд. 
795 ёдгории таърихиву фарҳангӣ, 36 осорхона, 33 боғи фарҳангию фароғатии вилоят аз мавзеъҳои дӯстдоштании сайё-ҳонанд. Соли гузашта аз вилоят қариб 443 ҳазор сайёҳ, аз ҷумла 2676 сайёҳи хориҷӣ, дидан намуд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2022    №: 16    Мутолиа карданд: 644
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед