logo

иҷтимоиёт

ДАСТУРИ МУҲИМИ ВАТАНДОРӢ

Ҳамасола ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми мардуми шарифи мамлакат ҳамчун як дастури муфиду роҳнамо ва барномаи рушду такомули тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти рӯзмарра пазироӣ мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба масъалаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ назари тозаи худро равона намуда, иброз доштанд, ки дар шароити зудтағйирёбанда, қабл аз ҳама, ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар такя бояд намуд ва барои рушди устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи саломатии шаҳрвандон боз ҳам бештар талош бояд кард. 
Дар Паём ба масоили ҳифзи тандурустӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбону пиронсолону бепарасторон низ аҳамияти хосса зоҳир гардида, барои беҳтар кардани шароити иҷтимоии онҳо тадбиру дастурҳои зарурӣ пешниҳод шуданд. Президенти мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илм, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ супориш доданд, ки барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми чораю тадбирҳои даркориро амалӣ созанд.
Нақши занон ва мақоми онон дар ҷомеа ба таври алоҳида таъкид шуда, мушаххас гардид, ки саҳми бонувон дар рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, махсусан афзоиш дорад ва 73 фоизи кормандони ҷодаи маорифу 68 фоизи намояндагони соҳаи тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Фаъолияти онҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва иқтисодиёти кишвар низ беназир мебошад. Таъкид гардид, ки минбаъд низ ба нақши занон дар ҷомеаи мо аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
Президенти ғамхори мо чун ҳама солҳои пеш нисбат ба кормандони соҳаи маориф бо таваҷҷуҳи алоҳида баромад намуда, саҳми боризи ононро дар баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум бо далелу бурҳони қатъӣ нишон доданд. Зикр шуд, ки баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳо дар мавриди «Солҳои 2020-2040-Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳои молия, маориф ва илм, АМИТ ва дигар вазорату кумитаҳои марбут дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Хусусан, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии омӯзгорон, донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз 1-уми июли соли 2022 ба андозаи 20 фоиз зиёд кардани маош ва стипендияи онҳо аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба илму маориф гувоҳӣ медиҳад. Дар ҳамин радиф таъкид шуд, ки ба сатҳи сифатии ҳар як дарс ва машғулиятҳои амалии омӯзгорон назорати ҷиддиро ба роҳ мондан лозим мебошад. Ҳамчунин, ба он муваффақ шудан зарур аст, ки муаллими имрӯза ҳар як соати дарсии хешро ҳамчун дарси замонавӣ бо тамоми талаботи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ бояд ташкил карда гузаронида тавонад.
Дар Паём ба масъалаи рушду пешрафт, такомул ва тозагии забони шоиронаву шевои тоҷикӣ низ аҳамияти дигарбора дода, ба ҳозирин гӯшрас намуданд, ки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддастарину гаронбаҳотарини миллат маҳсуб гардида, ҳифзи покию салосат ва умри ҷовидонаи он вазифаи ҷонии ҳар як узви ҷомеа мебошад. Паёми Президенти мамлакатамон ба ҳар як сокини кишвар вазифаҳои навинеро дар бобати омодагӣ ба Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш гузошта, он ҳамчун як барномаи муфассалу мукаммали худшиносию ифтихори миллӣ аз мо тақозо месозад, ки бо меҳнати шарафмандонаву масъулияти баланди ватандорӣ ин чорабинии бузурги сиёсиро истиқбол гирем. 
 
Суман САФАРОВА, 
директори муассисаи таҳсилоти миёнаи 
умумии № 7-и шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2022    №: 16    Мутолиа карданд: 692
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед