logo

сиёсат

ҚАЗОҚИСТОН. ОМИЛҲОИ БЕСУБОТӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА КИШВАРҲОИ МИНТАҚА

Воқеаҳои дар Ҷумҳурии Қазоқистон баамаломада ва исёни гурӯҳҳои фурсатталаб, ки харобиҳои зиёд ба бор оварданд, дар пасманзари таҳдидҳои замони муосир кишварҳои минтақа ва шарикони хориҷии ин мамлакатро такон дода, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб сохтанд. Тарҳ ё сенарияи ҳаводиси хунин дар ин кишвари аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта нишон дод, ки эътирозҳои оммавӣ дар пайи болоравии қимати газ танҳо баҳонае буду бас. Дар асл, бетартибиҳо аз куҷо сар шуданд, то куҷо дасти терроризм ва омилҳои беруна дар ин моҷаро дароз буда, ба суботи кишварҳои минтақа чӣ таъсир дорад? 
Дар ин бора Зубайдулло Давлатов, сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” чунин изҳори андеша кард:
- Аз воқеаҳои таассуфборе, ки дар Қазоқистон ба амал омаданд, неруҳои фурсатталаби ифротию террористӣ то ҷое ба манфиати худ истифода кардаанд. Дар робита ба он, таҳлилу баррасӣ ва назарҳои гуногун низ баён гардиданд, ки як амри табиист. Вале ба назари мо шеваи баргузории тазоҳурот, дараҷаи касбии ташкилӣ, ҳамоҳангсозии эътирозҳо дар шаҳрҳои гуногун, ҷалби бесобиқаи воситаҳои хориҷӣ-маблағгузорӣ, сафарбарӣ, роҳбарии тазоҳурот эҳтимоли иштироки ниҳодҳои истихборотии берунӣ дар ин бетартибиҳоро нишон медиҳад.
Тавре маълум аст, эътирозҳои осоишта зуд ба даргириҳои мусаллаҳона мубаддал шуда, гурӯҳҳои мусаллаҳ Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алма-Аторо ишғол намуда, чанд ҳавопайморо тасарруф карданд. Ба идораҳои пулис ва амният низ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки нишонаи возеҳи амалҳои террористӣ буд. Дар ҳамин ҳол, 7 январ амалиёти зиддӣ террористӣ оғоз гардида, дар натиҷа шумораи зиёди аслиҳаи оташфишон, маводи тарканда, адабиёти ифротгароёнаи динӣ мусодира шуданд. Қариб даҳ ҳазор нафар барои иштирок дар бетартибиҳо дастгир гардиданд. Бино ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим - Жомарт Токаев, Қазоқистон дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ буҳрони шадидтаринеро пушти сар намуд.
Вобаста ба вазъи Қазоқистон 10 январи соли 2022 ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир гардида, сарварони давлатҳои узви созмон ҳаводиси ин кишварро баррасӣ намуданд. Дар ин ҷаласа Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин чунин изҳор дошт: “Ҳамла ба Қазоқистон амали таҷовузкорона буд ва дар ҷумҳурӣ аз усулҳои муборизаи майдонии “инқилобҳои ранга” истифода шуд. Қазоқистон ба таҳдиди амнияти давлатдорӣ мувоҷеҳ гардид. Ин кӯшиши аввалину охирини дахолат аз хориҷ нест – ин хатар ба ҳамаи давлатҳои узви СААД таҳдид мекунад”.
Воқеан, вазъи баамаломада дар Қазоқистон, ашхоси ифротию террористонро аз хориҷ ба худ ҷалб намуд. Тарзи истифодаи усулҳои мухталиф, аз қабили бастани пеши роҳи нақлиёти ҳарбӣ, қатли ваҳшиёнаи кормандони мақомоти қудративу низомӣ гувоҳи робитаи мустақими исёнгарон бо гурӯҳу ҳаракатҳои террористии хориҷист, ки бо ҳама пайомадҳояш бар зарари давлат ва миллати қазоқ аст. 
Осиёи Марказӣ маҳдудаи ҷуғрофиест, ки халқияту миллатҳои гуногунро паҳлуи ҳам овардааст ва онҳо барои ҳамдигар бояд на танҳо ҳамсоякишвар, балки ҳамтақдиру ҳамфикру ҳаммавқеъ бошанд. Зеро ҳаводиси хунини Ҷумҳурии Қазоқистон бори дигар нишон доданд, ҳамраъйии кишварҳои минтақа ва ҳамоҳангӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои террористӣ натиҷабахш аст.
Ҳеҷ як кишвари минтақа набояд дар баробари воқеаҳои Қазоқистон бетарафӣ зоҳир намояд ва ҳамватанони мо низ набояд бар ин андеша бошанд, ки бенизомию бетартибиҳои дар Қазоқистон рухдода марзи мову мағзи моро рахна намекунанд. Агар чунин андешем, содагие беш нест, зеро ин бетартибиҳо таъсири калони мафкуравӣ доранд. Ячейкаҳои хуфтаи ифротию террористии дар минтақа амалкунанда нусхаи тафаккури ифротгароёни дар Қазоқистон даст ба эътирозу вайронкориҳо задаро дар тафаккури худ нусхабардорӣ намуда, ба он пайравӣ мекунанд ва дигаронро ташвиқ месозанд. Ғафлату бетафовутӣ дар Қазоқистон ба чи фоҷиаҳо овард, барои ниҳодҳои дахлдорӣ давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарс бошад, дарсе, ки аз он хулосаҳои дурусти мантиқӣ бояд баровард.
Ҳоло дар саҳифаҳои сомонаю шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ифротиёни зиёде ҳузур пайдо намудаанд ва алайҳи манофеи давлати миллати тоҷик баромад мекунанд, ки ҳадафмандона идора мешаванд. Ин ифротиҳо имкони аз сомонаю шабакаву расонаҳо ба кӯчаҳо рехтан доранд, ки пайомади харобиовар хоҳад дошт. Аз ин рӯ, бояд аз ҳоло даст ба кор шуд, зеро таҳдидҳо ба Истиқлоли давлатӣ, халалдор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои маҷозӣ ба назар мерасанд. Дар фазои интернетии Тоҷикистон барнома, гуфтору наворҳои хашину тахрибию ифротӣ кам нестанд, балки рӯ ба зиёдшавӣ доранд. Қишрҳои осебпазири ҷомеа чун ба саҳифаҳои интернет ворид мешаванд, маводҳоро мутолиа мекунанду ноогоҳона ба иғво дода мешаванд. 
Аз ин рӯ, набояд дар чунин вазъият ғофил монд. Балки вақти он аст, ки аҳли қалам, зиёиён, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони кордидаву таҷрибаи ҳаётандӯхта дар сомонаҳои интернетӣ маводу навору таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарваронаи худро ҷой диҳанд, яъне дар фазои маҷозӣ “контенти мусбат” офаранд. Фазои маҷозии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба фазои тарғиби сулҳу салоҳ, суботу ваҳдат, дӯстии халқҳою миллатҳо бояд табдил дод. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳо, мақолаҳо, мавқеъгириҳо, вокунишҳо, маводҳои ташвиқотию арзишсоз, савтию тасвирии ватандӯстонаро бояд ба таври васеъ ҷой дод. Зарур аст, ки ба хотири таъмини пешрафти зиндагӣ, ҳифзи сулҳу суботи комил дар фазои маҷозӣ сангардор бошему муҳофизи Ватани азизамон. Дар ин арсаи корзор истодагарӣ намудан, муваффақ шудан, далерию нотарсӣ нишон додан аз қаҳрамониҳои майдони набардҳои воқеӣ кам нест. Ин андеша ҳосили натиҷаест аз набардҳои интернетӣ, киберӣ ва иттилоотӣ дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Афғонистон, Беларус ва Қазоқистон. Маълум шуд, ки ҳар ки ҳукмрони тафаккури инсонҳост дар амалӣ намудани манфиату хостаҳо душвории зиёде надорад.
Вазъи минтақа зери таъсири таҳаввулоти Қазоқистон, таъсири бевоситаи вазъи печидаву вахими Афғонистони ҳамсоя тезутунд ва нигаронкунанда шакл гирифтааст. Ин вазъияти печида обистани хатарҳост. Хатар ба давлату миллат, хатар ба ҳар як шаҳрванд, ба ҳар яки мост. Аз ин рӯ, замоне фаро расидааст, ки таҳдидҳои сиёсию геополитикӣ, идеологию амниятӣ, арзишию тамаддунӣ дарк ва омӯхта шаванд, тасвиру тафсир гарданд ва дар ин замина тадбирҳои фавриро роҳандозӣ бояд намуд. Фаромӯш набояд кард, ки масъулияти пойдории давлати миллӣ, истиқлолияту суботу оромии он вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарди солимфикри Тоҷикистони азизамон аст. 
 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2022    №: 16    Мутолиа карданд: 1131
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед