иҷтимоиёт
ПАЁМ. ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ ДАР НУКТАҲОИ МЕҲВАРӢ БУД
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ маҷмуи масъалаҳоеро дар худ инъикос намуд, ки татбиқи самараноки ҳар банди он роҳи тараққиёти кишвар, зиндагии боз ҳам шоистатари мардумро ҳамвор ва дастовардҳои замони Истиқлоли давлатиро афзунтар хоҳад кард.
Бешак, пешрафти бемисл ва таҳаввулоти азиме, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба вуқуъ пайвастанд, маҳз дар заминаи паёмҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муяссар гардиданд. Паёми навбатии Сарвари давлат чун ҳамеша бо мақсади созанда ва шоистаи худ имкон фароҳам меорад, ки зиндагии арзанда ва ваҳдати мардуми кишвар пурра таъмин ва пешрафти бонизоми кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа боз ҳам бештар вусъат ёбад. Нуктаҳои муҳиме, ки дар Паём зикр гардиданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст ва солҳои наздик мо шоҳиди тараққиёти бештари кишвар дар тамоми соҳаҳо хоҳем гашт.
Масъалаҳое, ки дар Паём мавриди натиҷагирӣ қарор гирифтанд, сирф хусусияти стратегӣ дошта, амалигардии онҳо дар самти ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ нақши бузург доранд. Чун манфиатҳои миллӣ талабот, хоҳиш, мақсад ва эҳтиёҷоти шахс, ҷомеа ва давлат мебошанд, ки ҳимояи онҳо ба воситаи воқеигардонии барномаву стратегияҳо имконпазир аст. Ҳамин ҷиҳати масъала бори дигар собит менамояд, ки он масъалаҳое, ки дар Паём ироа шуданд, ба таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ равона гардидаанд.
Зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат чунин таъкид карданд: “Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд”.
Воқеан, давлати миллӣ, ки шаҳрвандони муайянро дар марзи худ фаро гирифтааст, барои ҳимояи манфиатҳои онҳо уҳдадор аст, зеро манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат дар якҷоягӣ манфиатҳои миллиро ташкил медиҳанд. Бо назардошти чунин вижагӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ беҳтар намудани шароит ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони хешро дар садри сиёсати иҷтимоӣ қарор додааст.
Ҳарчанд, барои даст ёфтан ба чунин ҳадаф то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор барномаву стратегияҳо қабул ва амалӣ гардида бошанд ҳам, Сарвари давлат чунин зарур шумурданд: “Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд”.
Масрур УМАРЗОДА, коромӯз-судя
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.2022 №: 16 Мутолиа карданд: 759