logo

Хабарҳо

КӮЛОБ. ТАШАББУСҲОИ РОҲБАРИЯТИ ШАҲР ДАР САМТИ РОҲСОЗӢ

Давоми 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рушду пешрафт намуданд. Аз ҷумла, дар соҳаи нақлиёт дигаргуниҳои бузург ба вуқуъ пайваста, дар радифи сол аз сол афзудани шумораи нақлиёти шахсию ҷамъиятӣ роҳҳои ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардида истодаанд. 
Дар шаҳри Кӯлоб бо назардошти зиёд шудани ҳаракати нақлиёт, барои таъмини ҳаракати мунтазам ва пешгирӣ аз тамбашавии нақлиёт чораандешӣ карда мешавад. Бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ҷалби мутахассисон нақшаи корӣ тартиб дода, барои таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳр иқдом гирифт. Бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, хусусан, назди бозори «Саховат» ва марказҳои савдо, ки тамбашавии нақлиёт ба таври доимӣ ба назар мерасад, таъмиру азнавсозии роҳ аз кӯчаи Худоёр Назаров то назди пули сойи «Тебалай» дар кӯчаи Чармгарони Поён оғоз гардид. Паҳноии роҳ 7 метрро дар бар гирифта дар ду шафати он бунёди роҳи пиёдагард, шабакаҳои равшаннамоӣ, хатҳои обгузар ва дигар воситаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидаанд. Ин қитъаи роҳ мутобиқ ба меъёрҳои муосири роҳсозӣ ва бо риояи қоидаҳои мавҷуда бунёд мешавад. Ҳамзамон, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб масъулони Идораи обу корез, Шабакаҳои барқ ва соҳаи боғбунёду равшанинамоиро муваззаф намуд, ки ҷиҳати дар муҳлати муайншуда ва бо сифати баланд иҷро шудани корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Сокинони маҳаллаи Чармгарони Поён бо изҳори миннатдорӣ аз ташаббуси созандагии шаҳрдорӣ ваъда доданд, ки баъди навсозию мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди кӯча ба тозаву озода нигоҳ доштани он муваззаф хоҳанд шуд. Тибқи иттилоъ, дар оянда барои боз ҳам беҳтар гардидани ҳаракати бемамонияти нақлиёт аз болои сойи Тебалай як пули мошингард бунёд, роҳи паҳлуи сой аз хиёбони Исмоили Сомонӣ то кӯчаи Даминзода таъмир ва самтҳои ҳаракати нақлиёт муайян мешаванд. 
 
Далер ШАРИФОВ, 
мудири бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 786
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед