logo

Хабарҳо

МАСТЧОҲ. ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ, аз  рафти таъмири пойгоҳи обкашӣ, омодагиҳо ба мавсими нави киштукор ва бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ шинос гардид.
Дар минтақаҳои кишоварзии вилояти Суғд омодагӣ ба давраи нави обрасонӣ ҷараён дорад. Бо ин мақсад дар пойгоҳҳои обкашӣ корҳои омодагӣ ба мавсими нав идома дошта, дастгоҳҳо ва иншооти обрасонӣ омода карда мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мастчоҳ таъмиру барқарорсозии пойгоҳи обкашии «Янтоқ-2» ҷараён дорад. Пойгоҳи обкашии «Янтоқ-2» 7 адад агрегат дошта, тавассути он наздик ба 5 ҳазор гектар замин обёрӣ мешавад. Айни замон корҳои таъмирии пойгоҳ 90 дарсад анҷом ёфтаанд. 
Раиси вилоят аснои шиносоӣ ба масъулони Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Мастчоҳ супориш дод, ки ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ сари вақт ба кор омода карда шаванд. 
Сипас, ба раиси вилоят нақшаи кишти пахта ва картошкаи барвақтӣ барои соли ҷорӣ муаррифӣ шуд. Чуноне иттилоъ дода шуд, имсол дар ноҳияи Мастчоҳ дар 12 ҳазору 550 гектар пахта ва 250 гектар картошкаи барвақтӣ кишт мегардад. 
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи нақша соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои талу тепа ҳамзамон дар майдони 50 гектар боғи нав бунёд мешавад. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, таъкид намуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишоварзӣ бунёди боғу токзори нав ба назар гирифта шуда, бо ин васила заминҳои аз кишт берунмонда дубора ба кишт дароварда шаванд. 
Раиси вилоят дар идомаи сафар бо фаъолияти гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии «Мадина», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён- Свердловск», сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ва фермаи чорводорӣ, корхонаи коркарди чормағзи заминӣ, марказҳои хизматрасониву меҳмонхона шинос гардид. 
Дар поёни сафари корӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ташриф оварда, лоиҳаи ободонии гузаргоҳро бо масъулон баррасӣ намуд.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 762
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед