Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Известия. Муассиси Amazon Ҷефф Безос барои лоиҳаи тиҷоратӣ бар зидди пиршавӣ бо номи Alto Labs 3 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Дар ин бора рӯзномаи The Sunday Times хабар дод.
Eur Asia Daily. Олаф Шолс, Канслери Олмон дар мусоҳиба бо рӯзномаи Sueddeutsche Zeitung изҳор дошт, ки таҳримоти Берлин алайҳи Россия бар зарари худи ин кишвар аст.
Лента. ру. Ҳукуматдорони Британияи Кабир аз он дар ҳаросанд, ки татбиқи таҳримҳои шадиди иқтисодӣ алайҳи Россия Маскавро ба иқдомоти ҷавобие водор мекунанд, ки ба коҳиши интиқоли газ ба Аврупо рабт хоҳанд дошт.
Газета. ру. Фаъолшавии низомиёни кишварҳои НАТО дар наздикии марзҳои кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба таҳкими амният дар минтақа мусоидат намекунад. Дар ин бора Дабири кулли СААД Станислав Зас зимни суҳбат ба шабакаи телевизионии OНT изҳори назар кард.
Мир 24. Полиси Беларус бо дастгирии полисҳои Испания ва ИМА аъзои як гурӯҳи байналмилалии ҳакерҳоро, ки зиёда аз 10 сол боз аз кортҳои бонкии шаҳрвандон пул медуздиданд, боздошт кард.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1098