сиёсат
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АВВАЛИН САММИТИ САРВАРОНИ КИШВАРҲОИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ЧИН”
25 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин саммити сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Чин, ки таҳти раёсати Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар шакли видеоӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Он ба 30-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин бахшида шуд.
Миёни иштирокдорон оид ба ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо табодули афкор сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ самараи се даҳсолаи охирро дар роҳи рушди робитаҳои Тоҷикистону Чин ва то сатҳи шарикии стратегӣ баровардани онҳо баланд арзёбӣ намуданд.
Зимнан, Сарвари давлат ташаккули заминаи мусоиди ҳуқуқиву шартномавӣ, роҳандозии муколамаи доимии сиёсӣ дар руҳияи эътимод, нишондиҳандаҳои баланди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла татбиқи тарҳҳои бузурги инфрасохториро, натиҷаҳои назарраси ин давра донистанд.
Пешвои миллат алоқамандии Тоҷикистонро ба идомаи муколамаи созандаи сиёсии ду давлат дар сатҳи олӣ ва бо тадбирҳои нав ғанӣ гардондани мазмуну мундариҷаи ҷанбаҳои гуногуни шарикии стратегии ҷонибҳо, ҳам дар чаҳорчӯби дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба, таъкид сохтанд.
Дар робита ба ин, соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, бахусус дар бахшҳои саноат, энергетика, аз ҷумла “энергияи “сабз” ҳамчун заминаи калидии “иқтисоди сабз”, нақлиёт ва таъмини ҳамлу нақли бемамонияти борҳо, кишоварзӣ ва иқтисоди рақамӣ аз самтҳои афзалиятнок дониста шуданд.
Пешвои миллат, ҳамчунин, густариши ҳамкориҳо дар арсаҳои зикргардида дар қолаби механизми “Осиёи Марказӣ – Чин”, аз ҷумла андешидани тадбирҳои иловагӣ бо мақсади тавсеаи савдои байниҳамдигарӣ ва афзоиши ҳаҷми табодули мол, фароҳам овардани заминаи мусоидро барои ҷалби сармоя ба татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ”, ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ намуданд.
Ҳамкориҳои ҷонибҳо дар самти андешидани тадбирҳо вобаста ба тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии оқибатҳои он ба иқтисоди кишварҳои минтақа муҳим дониста шуд.
Аҳамияти робитаҳо дар соҳаи тандурустӣ, бахусус дар шароити пандемияи коронавирус бо мақсади идомаи ҳамкориҳои судманд ҷиҳати пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, зикр гардид.
Дар саммит, инчунин, ҷонибҳо вазъи феълии байналмилалӣ ва минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан, Сарвари давлати Тоҷикистон зарурати тавсеаи ҳамкориҳоро дар соҳаи амният, бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳониву минтақавӣ ва мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак таъкид дошта, муқовимат алайҳи терроризм, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз вазифаҳои аввалиндараҷа хонданд.
Дар робита ба ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба вазъи мураккаби Афғонистон ҷалб гашт. Манфиатдор будани Тоҷикистон ба истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар ёдоварӣ шуда, даъвати Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати расондани кумакҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон ҷонибдорӣ гардид.
Дар хотима Пешвои миллат зикр намуданд, ки Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аҳамияти хосса медиҳад.
Дар зимн, муҳимияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар чаҳорчӯби “Осиёи Марказӣ – Чин” таъкид гардид.
Сарварони давлатҳо дар анҷом изҳороти муштарак миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро тасдиқ карда, ба вазирони корҳои хориҷӣ барои татбиқи минбаъдаи пешниҳоду ташаббусҳои дар чаҳорчӯби саммит баррасишуда супоришҳо доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.01.2022 №: 17 Мутолиа карданд: 1191