иқтисод
САДА ТАҶАССУМИ СУННАТҲОИ НИЁГОН
Эҳёи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёд навидест, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест барои ояндаи дурахшон. Аз он шукр мегузорем, ки имрӯз ба шарофати ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷашнҳои мардумии аҷдодӣ аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайраҳо басо пуршукӯҳу хотирмон таҷлил мегарданд, ки бешубҳа боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли диёр, хоса насли наврас, мешавад.
Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: «Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».
Ҷашни Сада дар радифи пуршукӯҳтарин идҳои аҷдодонамон қарор дошта, оид ба таърих ва пайдоиши он мутафаккирони ниёгонамон дар мероси гаронбаҳои худ, аз ҷумла Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Манучеҳрии Домғонӣ дар ашъораш, Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия», маълумоти арзишманд додаанд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Ҷашни Сада ба 30 январи солшумории милодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада дар даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад.
Дар аксари сарчашмаҳои таърихию адабӣ омадааст, ки ҷашни Сада бештар ба рақами сад рабт дорад. Бо назардошти ин, ҳангоми баргузории он миёни мардум ашъоре хонда мешуд: “Сада, Сада сад ба ғалла, панҷоҳ ба Наврӯз”. Воқеан, ин дуруст аст, ки аз ибтидои Ҷашни Сада то пухта расидани ғалла дар баъзе аз водиҳои Тоҷикистон 100 рӯз мегузарад.
Ҷашни Сада, ба монанди Наврӯз, таҷассумгари суннатҳои аҷдодӣ аст, ки инкишофи тамаддуни башарӣ, дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳраҳо бурдааст. Қатъи назар аз гирудорҳои сиёсию мазҳабӣ Ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд.
Иди Сада ин ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав, сарфароз гардондани пешқадамон ва омодагии соҳа ба киштукори баҳорӣ мебошад. Дар ин давра кишоварзон дар соҳаи рустанипарварӣ ҳамаи захираҳои тухмиро аз назар гузаронда, техника ва мошинолоти кишоварзиро омода менамоянд, заминҳоро бо нуриҳо таъмин намуда, шудгор мекунанд, заҳбуру заҳкаш ва ҷӯйборҳоро тоза менамоянд, боғу токзорҳоро ба тартиб дароварда, атрофи дарахтонро нарм менамоянд. Барои пешгирӣ аз касалию зараррасонҳо чораҳои муҳофизатӣ доир намуда, обёрии захиравӣ ва яхобмонӣ мегузаронанд.
АСОЗОДА Н.М., президенти АИКТ,
УРОҚОВ Ё.П., ходими АИКТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.01.2022 №: 17 Мутолиа карданд: 1132