иқтисод
ОБ ВА ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН
Об ҷузъи ҷудонашавандаи вижагии дилхоҳ навъи сайёҳӣ мебошад, зеро амалан ягон кишваре нест, ки об дар рушди сайёҳии он нақши муҳим надошта бошад. Захираҳои об барои рушди сайёҳии солимгардонӣ, варзишӣ, баҳрӣ, соҳилӣ, рафтинг ва ғайраҳо истифода мешаванд.
Захираҳои бузурги обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дарёҳои пуртуғён, чашмаву обҳои мусаффо, кӯлҳову обанборҳо имкон медиҳанд, ки маҳсулоти сайёҳии дар Осиёи Марказӣ беназирро пешниҳод намоем. Аму, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон, Хингоб, Сурхоб, Исфара дарёҳои калонтарини Тоҷикистон буда, оби аксарияти дарёҳо нӯшиданианд. Ҳамин аст, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон «Кишвари обҳои мусаффо» мешиносанд. Қарокӯл, Сарез, Искандаркӯл, Баҳри тоҷик, Зоркӯл, Рангкӯл, Аловуддин, Ҳафткӯл аз ҷумлаи кӯлҳое мебошанд, ки ҳамасола даҳҳо ҳазор сайёҳонро ба худ ҷалб месозанд. Захираи зиёди обҳои шифобахш, ки аз замини доманакӯҳҳо ба таври табиӣ ё сунъӣ фаввора зада мебароянд, аз ҳисоби сермаъдан будани қабатҳои замин қобилияти шифобахшӣ дошта, як қатори онҳо нодиртарин дар дунё ба шумор мераванд. Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон - Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ҳавотоғ, Зумрад, Биби Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун ва Зонг барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд. Марказҳои солимгардонию табобатии дар заминаи чашмаҳои шифобахш ташкилёфта, сохтори такмилёфтаву рушдкарда доранд, ки аз ҳамтоёни хориҷии худ камӣ надоранд.
Ҳамаи ин дороиҳо имкон медиҳанд, ки дар кишвар навъҳои сайёҳии солимгардонӣ, варзишӣ, рафтинг, қаиқронӣ ба роҳ монда шаванд. Дар ҷаҳони муосир теъдоди хоҳишмандони рафтинг (намуди махсуси варзиши обӣ буда, дар дарёҳои кӯҳӣ ба роҳ монда мешавад) сол ба сол меафзояд. Ба хотири ривоҷу равнақи ин навъи сайёҳӣ дар баъзе кишварҳои Аврупои Ғарбӣ дарёҳои сунъӣ сохтаанд. Мо метавонем бо истифода аз иқтидори табиии кишвар рафтингро рушд бахшем ва ба ин васила ба пешрафти дигар навъҳои сайёҳӣ замина гузорем. Ғайр аз ин, дар шароити табиати Тоҷикистон, ки дорои кӯлҳо ва обанборҳои зиёд, ба мисоли Искандаркӯл, Қаракӯл, Баҳри Тоҷик, Яшилкӯл, Норак мебошад, роҳандозии қаиқронӣ ба манфиат хоҳад буд, зеро, ин намуди хизматрасонӣ дар ҷаҳони саноати сайёҳӣ яке аз самтҳои даромаднок ба ҳисоб меравад. Табиати хосаи Тоҷикистон барои рушди намудҳои зимистонаи варзиш (якчанд намуди лижаронӣ, кӯҳнавардӣ) имконияти беҳтарин фароҳам овардааст. Бо назардошти дар миёни ҷаҳонгардон машҳур гаштан, Тоҷикистон имкон дорад дар ин самт байни дигар кишварҳо мақоми вижаи худро дарёбад.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи об ва рушди ҳамаҷиҳатаи соҳаи сайёҳӣ дар кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат захира ва имкониятҳои обиву сайёҳии кишвар ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ мешаванд. Пешвои миллат борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мушкилоти вобаста ба об суханронӣ карда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории зич даъват намуданд. Ин буд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон дар масоили дастрасӣ ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ қабул гардид.
Соли 2022 дар Душанбе конфронси байналмилалии даҳсолаи об баргузор мешавад. Ташкили чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд моҳияти сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакатро дигарбора ба сифати сиёсати сулҳҷӯёнаю башардӯстона, симои Тоҷикистонро ба чун кишвари биҳиштосо, босубот ва саршор аз ғановати обию сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ менамояд. Аз ҷониби дигар, чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию илмӣ ба афзудани робитаҳои сайёҳӣ заминаи муосид фароҳам месозанд.
Ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ яке аз ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маҳсуб меёбад. Дар ин ҳошия бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамасола ҳамоишҳои илмӣ ва чорабиниҳои дигари муаррификунанда ҷиҳати тарғибу ташвиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба об ва саҳми он дар рушди сайёҳӣ ташкил ва баргузор мешаванд.
Абдукарим ҚУРБОНЗОД,
мудири бахши котиботи
Кумитаи рушди сайёҳии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.01.2022 №: 17 Мутолиа карданд: 1178