Хабарҳо
ТЕМУРМАЛИК. ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД
Дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади бе мушкилӣ гузарондани мавсими сармо барои фаъолияти мунтазаму самарабахши корхонаю муассисаҳо ва рафтуомади бемамониати сокинон дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021 – 2022 корҳои зиёд ба анҷом расиданд.
Тавре Миралӣ Вализода, сардори Муассисаи давлатии «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард», ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар ноҳия барои зимистонгузаронӣ автогрейдер, 2 автомашинаи худпарто, кран манипулятор ва боркунаки фронталӣ бо бели иловагӣ аз таъмир баромаданд. Инчунин, муассиса қариб 500 метри мукааб маводи зидди лағжиш ва 1200 литр сӯзишвории дизелӣ захира дорад. Дар мавзеъҳои мушкилгузари роҳи автомобилгарди Темурмалик – Кангурт ва Темурмалик – Восеъ дар канори роҳҳо маводи зидди лағжиш, ба монанди қуму намак, гузоштаанд.
Бо фармоиши Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса барои зимистонгузаронӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб ёфта, дар асоси он барои сари вақт тоза кардани роҳҳо, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст.
Дар баробари ин, имсол ду пули мошингузар ва ду лӯлаи обрасонӣ аз таъмир баромада, роҳи автомобилгарди Темурмалик – Восеъ навсозӣ гашт.
Умуман, раванди корҳои зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозӣ ва коммуналӣ дар сатҳи баланд ҷараён доранд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 707