logo

Хабарҳо

Токаев бовар дорад, ки Қазоқистон баъд аз ошӯбҳои моҳи январ ба зудӣ барқарор мешавад

ТАСС. Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қазоқистон, дар нишасти онлайнии сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин суханронӣ карда, чунин изҳор дошт:  «Дар рӯзҳои аввали моҳи январ Қазоқистон бо  ҳамлаи бераҳмонаву  бесобиқаи террорис-тон ва ҷангҷӯён  рӯ ба рӯ шуд.
Мардуми Қазоқистон кумаки Чин ва мамлакатҳои ба мо бародари  Осиёи Марказиро бо миннатдорӣ қабул кард. Мо ҳамчун давлат, миллат аз ин ҳодисаҳои фоҷиавӣ дарси зарурӣ гирифтем ва,  бешубҳа, зуд  бақарор мешавем».
Ӯ зикр кард, ки ҳоло  ҳукуматдорони кишвар дар самти бозсозӣ ва ислоҳоти идоракунии давлатӣ, низоми амнияти миллӣ ва сиёсати иқтисодӣ фаъолона кор мебаранд. «Ҳамин тариқ, мо ба сохтмони Қазоқистони нав шуруъ кардем», - таъкид кард Сарвари давлат.
 
Сафири Россия дар Чин: «Назари Маскав ва Пекин дар бораи сабабҳои буҳрони Қазоқистон бо ҳам мувофиқанд»
 
ТАСС. Андрей Денисов,  сафири Россия дар Чин,  зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дидгоҳи Маскав ва Пекин дар бораи сабабҳои буҳрони Қазоқистон ва роҳҳои баромадан аз он бо ҳам мувофиқанд.   
Сафир ёдовар шуд, ки  тезутундшавии  вазъ дар Қазоқистон то андозае барои ҳамаи кишварҳои дӯст ва ҳамсояи  ин мамлакат ғайричашмдошт буд.  "Вокуниши Федератсияи Россия, Чин ва Созмони ҳамкории Шанхай, ки кишварҳои мо дар он аъзои фаъол ҳастанд, дар маҷмуъ, саривақтӣ ва  якхела буд. Ин мавқеи мо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи  Қазоқистон нақши муҳим бозид, зеро Чин, Россия ва Созмони ҳамкории Шанхай аз роҳбарият,  Президенти  Ҷумҳурии Қазоқистон дар талоши ҳарчи зудтар  баромадан аз ин буҳрон  дастгирӣ карданд", - гуфт Андрей Денисов.
 
Парламенти Фаронса  масъалаи аз узвияти НАТО баромадани мамлакатро ба миён гузошт
 
RT. Мишел Ларив,  узви Ассамблеяи  миллии Фаронса, изҳори назар кард, ки кишвар бояд аз  узвияти Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ хориҷ шавад. Вай бо чунин пешниҳод ба вазири корҳои хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан муроҷиат кард.  
Ба гуфтаи ӯ, НАТО бояд пас аз анҷоми «ҷанги сард»  аз байн мерафт. Ба ҷои ин,  тули 30 соли охир  ҳайати он тавсеа меёбад. Сиёсатмадор ёдовар шуд, ки  эътилофи низомӣ, аз ҷумла дар Балкан, Афғонистон ва Либия, амалиёт анҷом додааст ва ин амалҳо на сулҳ дар ҷаҳон ва на амнияти Фаронсаро кафолат надоданд.
«Фаронса бо пайвастан ба  созмони ҷангҷӯ, ки алайҳи Чин ва Россия нигаронда шудааст, умуман, манфиатдор нест», - афзуд Ларив. 
 
Сирояти бесобиқа ба COVID-19 дар ҷаҳон
 
ТАСС. Давоми як ҳафтаи охир дар ҷаҳон беш аз 21 миллион нафар ба бемории коронавирус мубтало шуд, ки ин ҳадди аксарро дар тули тамоми давраи пандемия нишон медиҳад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  шаби чаҳоршанбе дар Женева гуфт, ки шумори ҳолатҳои ошкоршудаи сироят дар муқоиса бо ҳафт рӯзи қаблӣ 5 ва фавт 1 дарсад афзудааст. Дар Аврупо шумораи одамоне, ки  ҳафтаи ахир  сироят ёфтаанд, аз 10 миллион нафар гузашт ва 47 дарсади тамоми сироятҳои нав дар ҷаҳонро ташкил медиҳад.  Тибқи маълумоти  СҶТ, то 25 январ дар ҷаҳон аз оғози пандемия 352 796 704 нафар сироят ёфта, 5 600 434 нафар фавтидааст.  
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1106
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед