Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
ТАСС. Котиби матбуотии Президенти Россия Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, ки суҳбатҳои телефонии президентҳои Россия ва Фаронса Владимир Путин ва Эммануэл Макрон оид ба вазъи атрофи Украина то охири ҳафта сурат хоҳанд гирифт.
INTERFAX.RU. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳор дошт, ки эътилоф тайи ин ҳафта пешниҳодҳои хаттии хешро оид ба масъалаҳои амниятӣ ирсол медорад.
Лента. ру. Машқҳои муштараки флотҳои Россия ва Чин дар қисмати ғарбии баҳри Араб баргузор шуданд.
ТАСС. Президенти Беларус Александр Лукашенко дар пасманзари сарусадоҳо дар бораи ногузирии эҳтимолии ҷанг гуфт, ки чунин сурат гирифтани вазъро намехоҳам, аммо бояд ба ҳар гуна раванди воқеаҳо омода бошем.
ТАСС. Шурои миллӣ оид ба тиҷорати хориҷӣ (NFTC), ки манфиати корпоратсияҳои тиҷоратии амрикоии муқими Федератсияи Россияро намояндагӣ менамояд, аз Кохи Сафед дархост кард, ки дар сурати ҷорӣ намудани таҳримҳои ИМА алайҳи Федератсияи Россия ба иҷрои уҳдадориҳояш муҳлат диҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 902