иҷтимоиёт
ФУТБОЛ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД РУШДИ БЕСОБИҚА ДОРАД
Мавсими футболи соли 2021 барои Федератсияи футболи вилояти Суғд (ФФВС) мавсими ҷолибу хотирмон ба ҳисоб меравад, зеро дастаҳои футболи вилоят дар чемпионатҳои кишвар аз Лигаи олӣ сар карда, то лигаи наврасон маҳорати баланд нишон дода, ба натиҷаҳои хуб даст ёфтанд. Аз ҷумла, пас аз қариб ду даҳсола дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ вилоятро чор даста намояндагӣ мекунад. Дар иртибот ба рӯйдодҳои муҳими мавсими футболи соли рафта суҳбате доштем бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ҳамзамон, раиси Федератсияи футболи вилоят, ки фишурдаи онро пешкашатон мекунем.
- Дар мавсими гузаштаи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ вилояти Суғдро се даста: «Хуҷанд», «Эсхата», «Истаравшан» намояндагӣ карданд. Ва танҳо ба дастаи «Хуҷанд» муяссар гашт, ки зинаи ифтихориро касб намояд. Дар иртибот ба мавсими соли 2021 ҳунарнамоии дастаҳои футболи вилоятро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?
- Бешак, яке аз дастовардҳои назаррас дар мавсими гузаштаи футболи кишвар барои Федератсияи футболи вилояти Суғд бори панҷум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон гардидани тими футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд буд. Дар баробари ин, пас аз касби зинаи дуюм дар Лигаи олӣ “Хуҷанд” бори дигар имкон пайдо кард, ки Тоҷикистонро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё намояндагӣ намояд. Комёбиҳои ин даста, уфуқҳои навро дар футболи вилоят эҷод намуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ҳайати ҷавонони дастаи “Хуҷанд” пас аз танаффуси тулонӣ маротибаи дуюм қаҳрамони Тоҷикистон гардид.
Тимҳои “Истаравшан” ва “Эсхата” мавсимро хуб оғоз карданд. Дастаи “Истаравшан” имкон дошт, ки ба сегонаи беҳтаринҳо роҳ ёбад. Ва тими навкори Лигаи олӣ “Эсхата” бошад, дар соли аввали ҳунарнамоӣ зинаи шашумро ишғол намуд, ки нишондоди хуб арзёбӣ мегардад.
- Яке аз рӯйдодҳои фараҳбахш барои Федератсияи футболи вилояти Суғд дар мавсими гузашта роҳ ёфтани дастаи “Равшан”-и ноҳияи Зафаробод ба Лигаи олӣ буд. Акнун, дар мавсими нави футбол вилоятро дар Лигаи олӣ чор даста: “Хуҷанд”, “Эсхата”, “Истаравшан” ва “Равшан” намояндагӣ мекунад. Дар мавсими нав назди дастаҳо кадом вазифаҳо гузошта хоҳанд шуд?
- Дарвоқеъ, яке аз рӯйдодҳои асосии футболи вилоят роҳхат гирифтани дастаи “Равшан” ба Лигаи олӣ ба ҳисоб меравад. Зеро бори охир минтақаи шимоли кишварро соли 2004 чор даста (“Хуҷанд”, “Парвоз”, “Динамо” ва “Истаравшан”) дар Лигаи олӣ намояндагӣ карда буданд.
Дар навбати худ роҳбарияти Федератсияи футболи вилоят тамоми шароитҳои мусоидро фароҳам оварда, ҷиҳати боз ҳам вусъат бахшидани фаъолияти дастаҳо барои иштирок дар Лигаи олии мамлакат ба роҳбарияти дастаҳои мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дод ва мақсад гузошта шуд, ки дар соли 2022 барои расидан ба натиҷаҳои назаррас тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоем.
- Дастаи “Хуҷанд” тайи чанд соли ахир Тоҷикистонро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё намояндагӣ мекунад, вале боре ҳам аз гурӯҳ набаромадааст. Дар мавсими ҷадид барои муаррифии арзандаи кишвар дар мусобиқоти қоравӣ чӣ нақшаҳо рӯйи даст гирифта шудаанд?
- Дуруст гуфтед. Соли шашум аст, ки дастаи “Хуҷанд” мамлакатро дар ин мусобиқаи қоравӣ намояндагӣ мекунад ва мо аз он ифтихор дорем. Ин тим солҳои 2017 ва 2018 дар бозиҳои интихобии Конфедератсияи футболи Осиё мағлуб гардида бошад ҳам, аз соли 2019 инҷониб дар марҳилаи гурӯҳӣ иштирок мекунад.
Барои иштироки бомуваффақияти даста дар ин мусобиқот шароит ва ҳайати мукаммали футболбозони боистеъдод зарур аст, ки мо аз тарафи худ дар ин раванд тамоми имкониятҳои заруриро сафарбар карда истодаем.
Тавре огаҳем, “Хуҷанд” пас аз қуръакашии Ҷоми КФО (17 январи соли 2022, Куала-Лумпур, Малайзия) дар гурӯҳи “F” бо тимҳои “Дордой” (Қирғизистон), “Копетдаг” (Туркманистон) қувваозмоӣ мекунад.
Барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар Ҷоми КФО дастаи “Хуҷанд” моҳи феврал ҷамъомади таълимӣ-варзиширо дар Туркия ба нақша гирифтааст. Умед мебандем, ки имсол даста дар мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, ба натиҷаҳои қобили мулоҳиза даст ёфта, дар таърихи варзиши кишвар саҳифаи тозаеро рақам мезанад.
- Дар Лигаи касбии футзали (ЛКФ) мавсими гузашта вилоятро танҳо дастаи “Сипар” (Хуҷанд) намояндагӣ кард ва ягон ҷоиза нагирифт. Барои зиёд намудани шумораи дастаҳо дар ЛКФ чӣ тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд?
- Футзал низ яке аз самтҳои асосии кории ФФВС буда, дар мавсими имсола дастаи “Сипар” дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон маҳорати хуб нишон дода, соҳиби медалҳои нуқра гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дастаи шаҳри Истаравшан қаблан, солҳои 2017, 2018, 2019 ва 2020 дар ЛКФ ширкат намуда буд ва эҳтимол аст, ки бошгоҳ ин мавсим дар лига ширкат намояд.
Солҳои охир футзал дар миқёси вилоят рушд ёфта истодааст. Зеро, ФФВС бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардондани варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ ва дарёфти чеҳраҳои нав як қатор мусобиқотро, аз ҷумла Ҷоми вилоят, Суперҷоми вилоят, Ҷоми бонки “Эсхата”, Ҷоми раиси шаҳри Хуҷанд, роҳандозӣ намуд. Гузашта аз ин, соли 2021 бори аввал бо ширкати 10 тим Чемпионати вилоят оид ба футзал доир гардид.
Дар баробари ин, дар майдончаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд бо иштироки васеи бозигарон гузаронда мешаванд, ки ин низ барои рушди футзал мусоидат менамояд.
-Тимҳои “Суғд” ва “Конибодом” дар мавсими гузаштаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи бонувон аз вилоят ширкат карданд ва дастаи “Суғд” сазовори ҷойи сеюм шуд. Федератсияи футболи вилояти Суғд барои оммавият ва рушди футбол миёни бонувон боз кадом корҳоро анҷом дода метавонад?
-Рушди футболи бонувон яке аз авлавиятҳои Федератсияи футболи вилоят ба ҳисоб меравад ва ин риштаи варзиш дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва Шаҳристон ба тарзи васеъ рушд намуда истодааст.
Тайи се соли ахир баргузории мусобиқаҳо байни бонувон рӯ ба афзоиш дорад. Ҳамин аст, ки футболбозбонувони вилоят дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок ва соҳиби мақомҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла, соли 2021 бозигарони навраси ноҳияи Мастчоҳ дар Чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола зинаи сеюмро касб намуданд. Инчунин, футболбозони то 17-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи ин мусобиқот ҷойи дуюмро гирифтанд.
Дар назар аст, ки соли 2022 дастаҳои футболи бонувон аз ноҳияҳои Ашт ва Зафаробод низ вилоятро дар мусобиқоти ҷумҳурӣ намояндагӣ мекунанд.
-Бешак, ояндаи дурахшони ҳама намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол, аз рушди он байни кӯдакону наврасон вобаста аст. Дар ин самт барои рушди футболи кӯдакону наврасон дар вилоят кадом корҳо анҷом дода шуданд ва дастаҳо ба кадом муваффақиятҳо ноил гардиданд?
-Дар ин раванд, соли гузашта Федератсияи футболи вилоят дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом доданд. Ҳамин буд, ки футболбозони навраси шаҳри Истаравшан дар ду мусобиқоти байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ғолиб омаданд.
Футболбозони то 14-солаи дастаи «Суғд» дар «Лигаи умед» қаҳрамони Тоҷикистон гардиданд. Дар чемпионати кишвар байни наврасони то 12-сола дастаи “Суғд” зинаи сеюмро гирифт. Бозигарони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар чемпионатҳо байни футболбозони то 14 ва 18-сола низ соҳиби мақоми сеюм гаштанд.
-Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021 ба анҷом расид. Барнома дар оммавияти футбол байни сокинони вилоят то куҷо нақш гузошт?
-Бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021, қарори раиси вилояти Суғд аз 2 октябри соли 2017, № 477, дар бораи «Барномаи маҳаллии рушди футбол дар вилояти Суғд барои солҳои 2017 – 2021» ба тасвиб расида, мавриди иҷро қарор гирифт.
Гузашта аз ин, ФФВС яке аз ҳамоҳангсози барномаи мазкур буда, барои оммавӣ гардондани футбол, мақсаднок истифода бурдани иншооти варзиш нақши созгор дорад.
Дар асоси барнома ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди биноҳои баландошёна, шаҳрак, деҳот ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонию варзиш, алалхусус ба намуди футбол, майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Бояд гуфт, ки дар вилоят 131 мураббӣ дар 261 гурӯҳ (3673 варзишгар) аз намуди футбол фаъолият намуда, ба онҳо нозукиҳои ин риштаро меомӯзонанд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи футбол, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва муайян кардани дастаи мунтахаб дар вилоят беш аз 100 мусобиқаи оммавию варзишӣ, ба монанди Лигаи дуюм, барои дарёфти ҷоизаи «Бойчечак» дар се гурӯҳи синнусолӣ, «Тӯби чармин» байни се синну сол, «Ҷоми Умед» байни бонувон ва ғайра, бо иштироки 17 дастаи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатии ба номи Нӯъмон Шораҷабови шаҳри Истаравшан дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни мактаббачагон барои дарёфти “Тӯби чармин” маҳорати хуб нишон дода, ғолиби ин мусобиқа ва мактаббачагони шаҳри Панҷакент бошанд, ҷойи дуюмро гирифтанд.
Давоми солҳои 2017 – 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар маҷмуъ, 307 иншооти варзиш (1 варзишгоҳ, 302 майдонча ва 4 маҷмааи варзиш) мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба оммавияти футбол дар ҷомеа нақши муҳим мебозад.
Самти дигари барнома, зиёд намудани шумораи дастаҳо дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ буд. Агар соли 2017 дар Лигаи олӣ танҳо як даста иштирок карда бошад, ин нишондиҳанда соли 2021 ба се тим расид. Инчунин, шумораи бошгоҳҳои Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи дуюм (дар вилояти Суғд) ба 10 расид, ки ғолибон ҳар сол ба лигаи якум роҳхат мегиранд. Гузашта аз ин, футболи занон рушд ёфта, тимҳои бонувон таъсис ёфтанд, ки мо доир ба дастовардҳои онҳо дар боло гуфтем.
Дар ин замина, барои баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиён курсҳои омӯзишӣ доир гаштанд. Барои гирифтани литсензияҳои «В», «С», «D» шаш курси омӯзишӣ баргузор гардид. Инчунин, барои мураббиёни футзал соли 2018 чунин курс ташкил шуд.
-Соли 2021 “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2024”, ки давоми мантиқии барномаҳои қаблист, тасдиқ шуд. Ҷиҳати татбиқи барнома кадом нақшаҳо тарҳрезӣ гардиданд ва то ҳол кадом корҳое анҷом ёфтанд?
-Дар доираи “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2024”, барномаи вилоятӣ таҳия ва тасдиқ гардид, ки дар доираи он корҳои муайян ба сомон расиданд.
Дар доираи барномаи мазкур, Федератсияи футболи вилоят якҷо бо раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардондани варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари сокинон ба футбол мусобиқаи варзишӣ бо усули деҳа ба деҳа ва мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ байни кормандони ташкилоту идораҳо дар шаҳру ноҳияҳо баргузор шуданд. Соли 2021 дар вилоят 1182 чорабинии футбол бо усули деҳа ба деҳа доир гашт, ки дар он 26998 нафар ширкат варзид. Баробари ин, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари кормандони ташкилоту идораҳо ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни онҳо 716 чорабинии футбол сурат гирифт.
Бояд ёдовар шуд, ки дар доираи барнома мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ баргузор гардид, ки дар он сокинон, хоссатан ҷавонон, фаъолона иштирок намуданд.
Дар оянда барои амалӣ намудани ин барнома тамоми тадбирҳои таъхирнопазирро роҳандозӣ менамоем.
Мусоҳибон Маҳмуд БАҲРОМ,
Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2022 №: 18 Мутолиа карданд: 723