сиёсат
ҚАЗОҚИСТОН. АЗ ТАҲДИДҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ТО АМАЛГАРОИИ СААД
Ҳодисаҳое, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба вуқуъ пайвастанд, бори дигар нишон доданд, ки чӣ гуна метавон дар чанд рӯз ҳатто як кишвари қудратмандро ноором сохт. Албатта, омилҳои норизоӣ ва сар задани гирдиҳамоиҳо ба ҳама маълум аст. Ҳукумати феълии Қазоқистон низ ба ин қазия фавран таваҷҷуҳ карда, ба доди мардум расид ва талаби онҳоро иҷро намуд. Вале бо ҳамин вазъ ба эътидол наомад, балки бетартибиҳо тамоми мамлакатро фаро гирифт. Дар пайи воқеаҳои баамаломада суботу оромӣ халалдор шуд, ба давлат хисороти азими иқтисодӣ расид ва ниҳоят сабаби ҳалокати одамон гардид.
Ба андешаи баъзе коршиносон, дар ин кишвар кӯшиши барпо кардани «инқилоби ранга» ба мушоҳида расид. Собиқ дипломати Канада Патрик Армстронг ба агентии АИР «Новости» иброз намудааст, албатта, сабабҳои аслӣ вуҷуд доранд, ки мардумро ба эътироз ташвиқ мекунанд. Аммо ташкилотчиёни «инқилоби ранга» ин эътирозро ба манфиатҳои худ роҳбарӣ мекунанд. Мо дар Қазоқистон чӣ мебинем? Пайдо шудани ногаҳонии гурӯҳҳои мусаллаҳ, раҳбаре, ки берун аз кишвар нишастааст, маҷмуи маъмулии созмонҳои ғайридавлатии ғарбӣ, ки чанд сол боз кор мекунанд.
Патрик Армстронг, ҳамчунин, пешниҳод кардааст, ки ин ҳам метавонад кӯшиши халалдор кардани музокироти амниятӣ байни Россияву ИМА бошад. Ин андешаро Арно Хидирбегишвили, сардабири нашрияи GRUZINFORM дар сомонаи «Спутник Грузия» низ пешниҳод кардааст. Ба андешаи вай, кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Қазоқистон ба хотири дур кардани таваҷҷуҳи Россия аз истиқрори мушакҳо дар Полшаву Руминия ва ворид шудани Гурҷистону Украина ба НАТО сурат гирифтааст. Арно Хидирбегишвили ҳаводиси Қазоқистонро як кӯшиши навбатии "инқилоби ранга" номид.
Донишманд ва коршиноси рус Евгений Сатановский дар телеграмканали худ менависад, ки вазъият дар Қазоқистон якбора муташанниҷ шуд. Агар нарм карда гӯем, аз рӯйи рӯйдодҳо, ин як инқилоби воқеии ранга буд, ки хуб ташкил ва роҳнамоӣ шуд.
Қаблан Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар паёме ба Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев гуфт, ки Чин мухолифи неруҳои хориҷиест, ки дар барангехтани нооромиҳо ва «инқилоби ранга» дар Қазоқистон гунаҳкоранд. Вай неруҳои хориҷиро дар халалдор кардани суботи Қазоқистон ва зиндагии осоиштаи шаҳрвандони ин кишвар муттаҳам кард.
Маврид ба зикр аст, ки истилоҳи «инқилоби ранга» мафҳуми дақиқе надорад, муҳаққиқон сабабҳо, ҳадафҳо ва усулҳои татбиқи онҳоро бо роҳҳои гуногун тавсиф мекунанд. Баъзан ин истилоҳ ҳамчун тағйир додани ҳукуматҳо бо истифодаи усулҳои муборизаи сиёсии ғайризӯроварӣ истифода мешавад. Тибқи таҳлили коршиносон, аксар мавридҳо дар чунин инқилобҳо се қувва фаъолона иштирок мекунад: донишҷӯён; воҳидҳои маҳаллӣ; тиҷорати хурд ва миёна. Қувваҳои сиёсӣ барои сарнагун кардани ҳукуматҳо аз ин қишрҳои ҷомеа ба таври васеъ истифода мекунанд.
Эътирозҳо дар Қазоқистон ба далели боло рафтани қимати гази моеъ оғоз шуданд ва сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Ақтау 2 январ ба хиёбонҳо баромада, хостори поин бурдани арзиши сӯзишворӣ шуданд. Қимати газ дар Қазоқистон 1 январ ду баробар - аз 60 то 120 танга барои як литр боло рафт. Дере нагузашта талабҳои иқтисодии мардум бо талабҳои сиёсӣ иваз шуданд. Эътирозгарон истеъфои Ҳукумат, баргузории интихоботро талаб карданд. Бегоҳии 4 январ митингҳо ба бетартибиҳо табдил ёфта, тамоми кишварро фаро гирифтанд. Дар Алма-Ато дуконҳо, бонкҳо ғорат гардида, бинои фурудгоҳ, шуъбаҳои полис, муассисаҳои давлатӣ ва иншооти зерсохторӣ забт гардиданд.
Президенти Қазоқистон дар ҷаласаи ғайринавбатии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иброз намуд, ки ҳадафи аслии террористон барҳам задани сохти конститутсионӣ, ба даст овардани қудрат ва кӯшиши табаддулот буд. Барои ин, ҷангҷӯён мехостанд дар кишвар бесарусомонӣ эҷод кунанд. Илова бар ин, Қосим-Жомарт Токаев таъкид кард, ки дар тазоҳурот террористон, аз ҷумла террористони хориҷӣ, мустақиман ширкат дошта, бетартибиҳо аз як марказ ҳамоҳанг шуда, «гӯё бо фармони ягона» ба амал омадаанд. Тайёрӣ ба митингҳо, ба ақидаи президент, муддати дароз давом кардааст.
Президенти Қазоқистон аз Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ёрӣ хост. Тибқи қарори Шурои амнияти дастаҷамъии СААД, ки 6 январи соли 2022 қабул шуд, неруҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СААД барои ба эътидол овардани вазъ ба Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шуданд. Ба онҳо воҳидҳои Неруҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон шомил буданд. Вазифаҳои асосии неруҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СААД ҳифзи иншооти муҳими давлатӣ ва ҳарбӣ, мусоидат ба неруҳои қудратии Ҷумҳурии Қазоқистон барои ба эътидол овардани вазъ буд. Неруҳои дастаҷамъии посдори сулҳ дар муддати кӯтоҳ вазифаҳои худро иҷро намуданд ва ҷиҳати ба эътидол даровардани вазъият дар Қазоқистон саҳми назаррас гузоштанд.
Сарвари давлати Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар нишасти ғайринавбатии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба иттифоқчиёни СААД барои дастгирӣ ва кумаки саривақтӣ ба Қазоқистон дар баробари ҳамлаҳои террористӣ изҳори сипос кард.
-Вазъияти баамаломада арзиши Созмонро ҳамчун сохтори ҳарбию сиёсӣ бори дигар тасдиқ кард. Фикр мекунам, ки ҳоло ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи СААД ҳарф мезананд. Самаранокии Созмон дар ин вазъият хеле равшан нишон дода шуд. Аз нуқтаи назари ман хеле муҳим аст, ки котибот бо роҳбарияти дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориро ба роҳ монад. Ин хеле муфид хоҳад буд. Ман боварӣ дорам, ки таъсиси институти Намояндаи махсуси Дабири кулли СААД оид ба амалиёти сулҳпарварӣ низ хеле мувофиқ аст, - гуфт Қосим-Жомарт Токаев.
Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров дар нишасти хабарӣ дар пайи натоиҷи дипломатияи Россия дар соли 2021 иброз намуд, ки вазъ дар Қазоқистон муассир будани неруҳои СААД-ро нишон дод. «Ман боварӣ дорам, ки дар робита ба вазъи дар Қазоқистон бавуҷудомада, Президенти ин кишвар ба иттифоқчиёни худ мувофиқи Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ, муроҷиат кард. Вазъият нишон дод, ки талошҳои анҷомдодаи СААД дар солҳои охир барои эҷоди иқтидори сулҳпарварӣ хеле муассир буданд, - гуфт Лавров.
Комрон САФАРОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2022 №: 18 Мутолиа карданд: 714