logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Ман май нахӯрам, то ту набошӣ соқӣ,
Ман каф назанам, то ту набошӣ мутриб.
Ман ин байтро беш аз сӣ сол пеш барои нафаре дар маҳфили бошукӯҳи аҳли сухан гуфтаам, чун ӯ мехонд:
Аз чашми соқӣ масти шаробам,
Бе май харобам, бе май харобам.
Ин хониш аз ҳамаи хонишҳои дигарон тафовут дошт ва дар зеҳнҳову дилҳо бо гармиву муҳаббати хос менишаст. Ва пас аз он буд, ки оҳанги «Таскини дил»-ро, ки ихтирои худаш ба шумор мерафт, навохт. Чун дилҳо, воқеан, таскин ёфтанду руҳҳо омодаи шуниданаш гаштанд, идома дод:
Чангро гиред аз дастам, ки кор аз даст рафт,
Нағмаам хун гашту аз рагҳои соз ояд бурун.
Оҳанги ин суруд низ аз ихтирооти ӯ буд. Аслан, ӯ  оҳангҳои сурудҳояшрову навозишҳояшро худ ихтироъ мекунаду ба самъи ҳаводоронаш, аҳли завқу маънӣ тақдим менамояд. Ӯ дар ин маврид худро ҳеҷ такрор намекунад. Он ҳама дар як сатҳанд: сатҳи баланд. Ва ҳеҷ кас онҳоро беҳтар аз ӯ бас ширину дилрасу руҳнавоз навохта наметавонад. Эҷод ва навозиш барояш илҳом мешавад.
Матнҳоро низ барои хонишаш худ меҷӯяд. Ба ин хотир ба дастхатҳои нодир низ рӯ меораду онҳоро мутолиа мекунад. Дар ин маврид аз таҳти дарё, агарчи бас амиқ ҳам бошад, дурро меёбад, чун онро мешиносад. Аз миёни дурҳо дурҳои ятимро мепазирад.
Ба матне, ки ӯ оҳанг бастааст, мепиндорӣ, ки он матнро шоир маҳз барои ҳамин оҳанг навиштааст. Ҳеҷ гоҳ матнро қурбони оҳанг ва оҳангро қурбони матн накардааст.
Ҳанӯз ин асрор барои ман ва дигарон нокушудааст. Оре, ҳарчанд ин рисолату вазифаи муҳаққиқони асилу гавҳаршинос мебошад.
Кас зери таъсири хонишашу навозишаш ҳафтаҳо мемонад. Дар гӯшу зеҳн садои оҳангу овози ширадораш як таҳаввулотро ба вуҷуд меоранд. Бо ин ки синнаш ба ҳафтод расида, на дасташ ба ҳангоми навохтан меларзад ва на овозаш хаста гардидаву мегардад. Тафовути сӣ соли пешро дар ин маврид намебинам. Агар чашм бипӯшам ва ин ҳунармандро бишунавам, мепиндорам, дар соли 1990  қарор дорам: ӯ ҷавонест, ки ҳанӯз 40 сол умр надорад. Сухан, албатта, дар бораи мутриби чирадаст, овозхони беҳамто, фидоии соҳаи мусиқӣ, ҷӯяндаи дурҳои ятими баҳри маониву оҳангҳои дилошӯб Умари Темур аст.
Аз аввали солҳои 70-уми асри рафта дар миёни мардум ба зуди маҳбубият пайдо  кард. Он вақт донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода буд. Дар оғоз аксар омӯзгорони тахассусӣ ӯро хуш напазируфтанд ва рӯйирост изҳор доштанд, ки ҷавобгӯи талаботи соҳа нест. Инчунин, ӯ на мутриб шуда метавонад ва на овозхони ҳатто сатҳи миёна. Медонист, дунё аз ин гуна таҷрибаҳо зиёд дорад, ки аҳли истеъдодро дар оғоз нашинохтаанд ва барои таҳсил иҷозаташон надодаанд.
Умари Темур бо овози ширадору навозиши фарқкунанда аз дигар мутрибони чирадаст собит сохт, ки дар шинохташ ва додани баҳояш пур хато кардаанд. Ин донишҷӯи солҳои аввали донишкада дар  наътхонӣ, қиссахонӣ, марсияхонӣ таҳаввулот кард, таҳаввулоте, ки ҳеҷ кас интизораш набуд. Қудрати ғижжаки тоҷикиро бо лаҳни тоҷикӣ бо тамоми неру бозгӯ кард.
Сабтҳояшро меҷустанд, пайдо менамуданд ва мешуниданду мешунавониданд. Бо ин ҳунар, истеъдоди фавқулода, маҳбубияти хос «душман» пайдо кард, албатта, аз ҳисоби беҳунарону камҳунарон ва ҳам ҳунармандоне, ки дар дилҳо ҷойи хос барои худ пайдо карда натавонистанд.
Навиштанд, бисёр навиштанд, ки навозишу сурудҳояш касро ғамгин месозад ва дар дилҳо бо онҳо тухми ноумедӣ, дунёбезорӣ мепошад.  Борҳо махсус барои сарзанишаш, гирифтани пеши роҳаш маҷлисҳо доир намуданд. Дар ин ҳол он масъулон худро ғамхораш вонамуд мекарданд.
Ӯ аммо сабки навозишу хонишашро дигар насохт. Баръакс, онҳоро такмил дод.
Чӣ қадар наътҳо, қиссаҳо, марсияҳо фаромӯш шуданд ва мешаванд. Зарур буд, ки ҳамаи онҳоро аз оғоз ҷамъ ва сабт менамудем. Агар имрӯз дар таҳқиқи илмии онҳо оҷизем, фардо ҳатман имкон меёбем. Беҳтарин наътхонҳо, қиссахонҳо, марсияхонҳо, ки пеш аз расидан ба камолоти ҳунарии Умари Темур мезистанд, дунёро падруд гуфтаанд. Тарзи хонишу навози онҳоро на ҳар ҳунарманди ҳаводор ва мутахассиси соҳа медонаду такрор карда метавонад.
Умари Темур худ ҳамин гуна як мактаби бузург аст, мактабе, ки ниёз ба омӯзиш ва таҳқиқи ҷиддӣ дорад. Ин ҳама барои худи ӯ муҳим нест, барои миллат муҳим мебошад. Дар мавриди вай мегӯянд, бо он ки омӯзгор буду ҳаст, натавониста шогирдеро дар сатҳи худ тайёр бикунад. Ҳеҷ намеандешанд ва ё махсус намехоҳанд иқрор бишаванд, ки табиат ин гуна Умарро ба миллат дар сад сол, балки бештар аз он як бор тақдим месозад.
Ҷойи таассуф мебошад, ки ин ҳунарманд он гуна, ки бояд, қадр нашудааст ва ҳам ҳеҷ гоҳ қадр намешавад. Чаро? Чунки дарки нобиғаҳои соҳа танҳо бар нобиғаҳои дигар даст медиҳад.
Ин мутрибу овозхони нотакрорро дар Эрону Афғонистон низ шуниданду баҳо доданд, баҳои шоиста. Дар Афғонистон бо ӯ шартнома баста буданд, ки ба соҳибистеъдодҳои ин кишвар ҳунарашро биёмӯзад. Ӯ бо истифодаи мавриди муносиб на танҳо омӯзонд, балки худ аз устодони забардасти ин ҷумҳурӣ тарзи хонишу навозиши роки ҳиндиро омӯхт.
Мебинам, дарк мекунам, ки ҳолиё низ ӯ неруи зиёди эҷодӣ дорад. Бешак, боз ҳам бо умед, муҳаббат барои миллат, соҳаи мусиқӣ хидмат мекунад.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2022    №: 18    Мутолиа карданд: 728
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед