Хабарҳо
ҶАШНИ САДА ДАР САНГВОР
Гиромидошти урфу одат, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва пос доштани фарҳангу анъанаҳои миллати хеш, ҳамчунин, ҷовидонӣ гардондани таъриху аз насл ба насл бурдани онҳо дарак аз қадима будани ҳар халқу давлатро медиҳад. Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои дигар Иди Сада низ таърихи чандҳазорсола дорад.
Дар ноҳияи Сангвор низ чун дигар минтақаҳои кишвар Ҷашни Садаро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд. Давлатзода Маҳмадшоҳ, раиси ноҳия, зимни баргузории чорабинӣ аз қадима будани ҷашн сухан намуда, иброз дошт, ки: “Сада ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромада, таҷлили расмии ҷашн далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш рӯ овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонанд. Сада аз зумраи ҷашнҳои қадимаи эрониён ва мардуми форсизабон буда, дар оғози шомгоҳи даҳи баҳманмоҳ баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд. Ҷашни мазкур ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ бунёд ёфтааст. Агар Хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани хонаву қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос шудааст. Дар баробари он ниёгони мо рӯйи худро ба сӯйу оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз онҳо мадад меҷустанд. Сада дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ (30 январ) бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум, аз пагоҳӣ бар боми хонаҳои худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, оғоз мешудааст. Ҳадаф аз ин ниёиш омодагӣ ва расидан ба Наврӯз аст, ки то он сад гардиши рӯзу шаб (панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб) ва орзуи омадани соли пурбаракате барои кишту кор буд”.
Дар маркази ноҳия намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла тухмиҳои зироатӣ, тадбиқи корҳои фаҳмондадиҳӣ барои кишту кори баҳорию тирамоҳӣ аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ба деҳқонон, самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин, намоиши асал, хушкмеваю дигар маҳсулоти хоҷагии халқ, инчунин, ба хотири болидаруҳии мардум ба маъраз гузоштану муаррифӣ намудани ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии фарҳангӣ низ доир гардид.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 921