logo

номаҳо

САТРҲОИ СИПОС

Ду набераам - Шоҳмуҳаммади 5 - сола ва Алиҷони 3 - сола чанде пеш бемор шуданд. Онҳоро ба дармонгоҳи минтақавии рақами 7 -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба назди духтури бемориҳои кӯдакона Раҷабалӣ Нуралиев бурдам. 
Духтур  бо муомилаи неку суханони меҳрубонона ҳар ду кӯдакро аз муоина гузаронда, дорухат навишта, ба ман гуфт ”Апаҷон, ҳаргиз ғамгин нашавед. Фақат шумо табобатро сари вақт гузаронед. Ҳангоми зарурат ба ман занг зада, аз аҳволи кӯдакон бохабар созед”. Аз ин муносибати неки духтур Раҷабалӣ Нуралиев хурсанд шудам. Ҳамин тавр, муддати ду сол, ки набераҳоям ҳамроҳи ман буданд, борҳо бемор шудаву доимо зери назорати ин духтур қарор доштанд. Нимашабӣ ҳам, ки кӯдакон нотоб мешуданд, ба духтур занг мезадам. Барои дар ин бевақтӣ ташвиш додан  бахшиш пурсида, ҳолати онҳоро мефаҳмондам.
- Ҳеҷ гап не, апаҷон - мегуфт духтур маро таскин дода, - ҳозир ман он чӣ мефармоям, ҳатман иҷро намоед, баъдан аз натиҷааш занг занед.
Мувофиқи фармудаи духтур ба набераҳоям дору медодам. Духтур таъкид мекард, ки онҳоро наздаш барам, то ҳолаташонро муоина намояд. Чунин ҳолат борҳо такрор ёфтаанд. Боре узр пурсида, гуфтам, ки баъзан соати 11 ё 12-и шаб занг зада, шуморо ташвиш медиҳам. Духтур маро таскин дода  гуфт, ки вақте ними шаб ба ман касе занг мезанад, пеш аз ҳама, фикр мекунам, ки ӯро зарурате пеш омадааст. Ҳамин тавр, аҳволи кӯдакон то рафт беҳтар мешуду онҳо духтурро ҳамчун одами наздик дӯст доштанд.
Шукр, имрӯз саломатиашон хуб аст. Вале ман он рӯзҳои вазнини бемории онҳо ва муносибати неки вориси Синои бузург Раҷабалӣ Нуралиевро фаромӯш намекунам.                                                               
 
Файзигул  МӮСОЕВА, 
сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2022    №: 18    Мутолиа карданд: 4770
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед