Хабарҳо
«GRAND PRIX PORTUGAL 2022»
Сомон ва Комроншоҳ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд
28 – 30 январ дар шаҳри Алмадаи Португалия сайри ҷаҳонии дзюдо дар соли 2022 бо «Grand Prix Portugal 2022» оғоз мегардад.
Бар пояи иттилои Федератсияи дзюдои кишвар, дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков (-73кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) намояндагӣ мекунанд.
Тавре сомонаи Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) менависад, дар аввалин мусобиқаи сол 334 паҳлавон аз 44 давлат ширкат хоҳад кард.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ мақоми аввал – 3000 евро, дуюм – 2000, ду ҷойи сеюм – 1000-евроӣ қадр мешаванд.
«ҶОМИ РУШД»
Футболбозони тоҷик барои дифои қаҳрамонӣ мераванд
Мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар XVIII: Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд» (5 – 14 феврал, Минск, Беларус) иштирок мекунад.
Барои ҷом даҳ тими наврасон талош мекунад. Мунтахаби мо дар гурӯҳи «А» бо Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон бозӣ мекунад. Дастаҳои Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Ӯзбекистон ва Исроил шомили гурӯҳи «В» мебошанд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал, дастаҳои ҷойи дуюм барои медалҳои биринҷӣ нерусанҷӣ мекунанд. Ҳамчунин, бозиҳо барои зинаҳои 5, 7 ва 9-ум низ доир мешаванд.
Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон қаҳрамони феълии «Ҷоми рушд» мебошад.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1014