сиёсат
ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР САММИТИ ЯКУМИ САРВАРОНИ КИШВАРҲОИ “ОСИЁИ МАРКАЗӢ – ҲИНДУСТОН”
27 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин саммити сарварони кишварҳои “Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон”, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Нарендра Моди дар шакли видеоӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар он, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ширкат варзиданд.
Иштирокдорон дар робита ба раванди ҷории муносибатҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо табодули афкор намуданд.
Саммит бахшида ба 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон барпо гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи феълии муносибатҳои дӯстӣ ва эътимоди байниҳамдигарии сиёсӣ, раванди рушди рӯзафзуни ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, фарҳангу амниятро миёни ду кишвар маҳсули ин давра номиданд. Дар баробари ин, Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки Ҳиндустон ба шарики муҳими минтақа мубаддал гардидааст ва Тоҷикистон ба ояндаи муносибатҳои гуногунҷанба бо ин кишвар назари нек дорад.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат мавқеи кишвари моро дар ростои самтҳои ояндадори ҳамкории миёни кишварҳои минтақа баён доштанд.
Нахуст, авлавияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва мавҷудияти имкониятҳои фаровон дар ин ҷода таъкид гашт. Дар ин замина, ба раванди фаъоли таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ва тамоюли рӯзафзуни иқтисодӣ, ки хусусияти хоси тамоми ин минтақа мебошад, ишора шуд. Зимнан, пешниҳод гардид, ки дар доираи муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон” барномаи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати татбиқи босамари иқтидори тиҷоратии кишварҳои минтақа мавриди коркард қарор гирад.
Мавҷудияти имкониятҳои бузурги ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи муштараки тарҳҳо дар бахшҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор ва соҳаи аграрӣ зикр гардид. Дар ин росто, манфиатдор будани Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти муштарак дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук, бахусус дар самтҳои нассоҷӣ, кимиё, тиб, доруворӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо, таъкид гашт. Сарвари давлат, ҳамчунин, иброз намуданд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика барои рушди устувори иқтисодӣ аҳамияти калон дошта, Тоҷикистон ба раванди роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати тавсеаи иқтидорҳои коркарди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
Ҳамзамон, густариши робитаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ омили муҳими таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дониста шуд. Дар ин раванд, алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушди шоҳроҳи нақлиётӣ дар масири Мумбай – Чобаҳор – Осиёи Марказӣ мавриди таъйид гардид.
Пешвои миллат иброз карданд, ки аҳамияти рӯзафзуни таъмини амнияти озуқаворӣ зарурати ҳамкории фаъолро дар бахши аграрӣ тақозо менамояд. Вобаста ба ин, раванди афзоишёбандаи таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳо дар маҷмуъ, ва аз ҷумла ба бахши аграрии он, қайд гашт. Дар зимн, Президенти кишвар фаъолиятҳои ҳамоҳангшударо миёни кишварҳои минтақа ва Ҳиндустон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва гуногунии биологӣ дар қатори самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ қарор доданд.
Ҳамин тартиб, таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ аз самтҳои дигари ҳамкориҳо дониста шуд. Илова бар ин, кишвари мо ҷонибдории худро аз тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, сайёҳӣ ва тандурустӣ баён дошт.
Бо назардошти имкониятҳои ҷонибҳо, идомаи ҳамкориҳо дар арсаи муқовимат ба ҳамагирии коронавирус ва рафъи оқибатҳои он, тавсеаи имкониятҳои истеҳсоли муштараки маводи тиббӣ, бахусус доруворӣ, дар қатори самтҳои муҳими муносибатҳои ҷонибҳо номбар гардид.
Пешвои миллат дар соҳаи амният, ба инобати шароити мураккаби байналмилалӣ, муқовимат ба терроризм ва ҳамаи шаклҳои тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро аз вазифаҳои аввалиндараҷа донистанд.
Дар робита ба ин, таваҷҷуҳи иштирокдорони нишаст ба вазъи печидаи Афғонистон ва ҷонибдорӣ аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид ба зарурати расондани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон ҷалб шуд.
Дар интиҳои сухани худ Пешвои миллат, зимни ёдоварӣ аз таҷрибаи азими ҳамкориҳои бисёрҷонибаи созандаи кишварҳои минтақа, бахусус дар доираи СММ, СҲШ, МҲТБО, муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои минтақаро дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” таъкид карданд.
Сарварони кишварҳо дар хотима аз натиҷаи саммит Эъломияи муштарак қабул намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.01.2022 №: 19 Мутолиа карданд: 1489