logo

сиёсат

НИЗОИ САРҲАДӢ Ё ИҒВОИ НАВБАТӢ. ОРОМӢ БАРГАШТ, АММО ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНА АЗ КУҶО ОҒОЗ ШУД?

Шоми 27 январ дар пайи иғвои навбатии ҷониби Қирғизистон дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара даргирии мусаллаҳона ба амал омад, ки бар асари он теъдоде аз низомиён ва шаҳрвандони мулкӣ захм бардошта, талафоти ҷонӣ низ сабт гардид.

 
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса иттилоъ дод, ки 27 январ тақрибан соати 17:29 ба вақти маҳаллӣ як гурӯҳи панҷоҳнафараи  шаҳрвандони номаълуми Ҷумҳурии Қирғизистон бо шумули сокинони шурои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рег мекашонд, маҷбуран боздоштанд. Ин дар ҳолест, ки нақлиёти мазкур аз маҳаллаи Хоҷаи Аъло то Сомониёни шаҳри Исфараи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекард.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду ҷониб вохӯрӣ ба нақша гирифта шуд. Аммо ҷониби Қирғизистон ба мулоқот наомад. Тақрибан соати 18:10 ба вақти маҳаллӣ марзбонони қирғиз, ки дар қад-қадди пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло (275 метр) мавқеи оташфишониро ишғол карда буданд, ба сӯи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд. 
Дар баёнияи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, ки онро АМИТ «Ховар» соати 22:31-и 27 январ нашр кард, дар бораи шиддати тирборон аз ҷониби Қирғизистон ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд интиқол додани ҷузъу томҳои ҷудогонаи ҳарбӣ ва техникаи низомӣ, ҳадаф қарор додани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ бо истифода аз миномётҳо, сабти парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон хабар дода шуд.
Дар  изҳороти  дигари  Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки 28 январи соли 2022 пахш гардид, гуфта мешавад, ки дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардид, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокини мулкӣ мебошанд: «Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - Обидҷон Тӯйчиев, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло (соли таваллудаш 1986), бар асари таркиши гулулаи миномёти низомиёни Қирғизистон дар ҳавлии номбурда ва Абдулатиф Шарипов, ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии беморхонаи шаҳри Исфара (соли таваллудаш 1964), ҳангоми наҷоти сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло зимни зарбаи гулулаи миномёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд».
Ба иттилои манбаъ, 28 январи соли 2022, соати 01:00 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷараёни ин дидор, баъд аз баррасиву муҳокимаи муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадӣ, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оташбас эълон гардида, то соати 08:00-и 28 январ тамоми неруҳои низомӣ, воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати Сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордоштаашон баргардонда шаванд.
Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хабар медиҳад, ки айни замон, вазъият дар Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил буда, сабабу омилҳои муноқишаи мусаллаҳона аз ҷониби комиссияи муштараки сохторҳои дахлдори ҳар ду ҷониб мавриди таҳқиқ қарор доранд.
 
«ҶУМҲУРИЯТ»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.01.2022    №: 19    Мутолиа карданд: 720
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед