logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. МАРКАЗИ ТИҶОРАТИИ МУШТАРАК БУНЁД МЕГАРДАД

Дар наздикии дидбонгоҳи марзии “Андархон”, воқеъ дар ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона, ки бо шаҳрҳои Конибодом ва Исфараи вилояти Суғд ҳаммарз аст, минтақаи озоди тиҷоратӣ бунёд мегардад. 
 
Тибқи иттилои Дилмурод Ҷумъабоев, котиби матбуоти ҳокими Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо ибтикори мақомоти вилоят корҳо дар ин самт оғоз шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дидбонгоҳи марзии “Андархон” кайҳо мақоми байналмилалиро касб намуда, ҳар рӯз мусофирони зиёди  Тоҷикистону Ӯзбекистон ва шаҳрвандони соири кишварҳои дуру наздик аз он убур мекунанд. 
- Минтақаи озоди тиҷоратӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд мегардад. Ҷараёни корҳои сохтмонӣ қаноатбахш буда, дар ин ҷо маҷмааи бузурги савдо дар назар аст. Ҳар як хонаи он дар ихтиёри тоҷирону соҳибкорони ду кишвари ҳамҷавор гузошта хоҳад шуд, - изҳор намуд сухангӯйи ҳокими вилояти Фарғона.
Ин ташаббус ҳамкориҳои тиҷоратии байни ду кишварро боз ҳам таҳким бахшида, иртиботи сокинони ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ва шаҳрҳои Конибодому Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистонро, ки байни ҳамдигар риштаҳои ногусастании хешутаборӣ доранд, боз ҳам тақвият мебахшад. 
Гулчеҳра Давлатова, корманди ҳокимияти ноҳияи Бешариқ, дар пайравии ин иқдом изҳор дошт, ки бо оғози марҳилаи нави муносиботи ҳасана байни ду кишвари ба ҳам дӯст дар соли 2018 ва боз шудани марзҳои баста ба рӯйи шаҳрвандон шодиву хурсандии мардумро ҳадду канор нест. Бунёди маркази тиҷоратии муштарак боз як қадами наве дар таҳкими дӯстиву ҳамкории тарафайн хоҳад буд, ки аз ҳадафҳои олии сарварони ду давлат аст.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, 
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 
шаҳри Тошканд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 789
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед