logo

Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати Ҷашни миллии бостонии Сада маросими идона баргузор гардид. Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои кишоварзии ҷамоату деҳоти шаҳр, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои устодону донишҷӯёни муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ, самараи дастранҷи деҳқонон ва дигар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Кӯлоб дидан намуданд. 
Намоишномаи дастовардҳои кишоварзон бозгӯи он буд, ки деҳқонони Кӯлоб дар соли 2021 ҳосили фаровон бардошта, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ саҳми арзанда гузоштаанд. Тибқи иттилоъ, дар соли сипаришуда, заҳматкашони шаҳр ба андозаи 663, 5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки ин нишондод дар қиёс ба як соли пеш 16, 4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз шаҳр зиёда аз ҳазор тонна маҳсулот, аз ҷумла 955 тонна сабзавот, 81 тонна меваҷот ва 21 тонна дигар намуди маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шудааст. 
Салимзода Амонулло Файзулло, муовини якуми раиси вилояти Хатлон барои дар сатҳи баланд омода намудани ин намоишгоҳ ба аҳли заҳмати шаҳри Кӯлоб баҳои баланд дода, гуфт, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар мардуми Тоҷикистон аз ҷумла, сокинони Хатлонзамин ин ҷашни бостониро дар руҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии хеш таҷлил менамоянд. 
Қайд гардид, ки ба муносибати Иди Сада, ки ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози киштукор мебошад, чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ярмаркаи фурӯши гулу ниҳолҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин чорабиниҳои гуногуни варзишӣ шукӯҳу шаҳомати хосса мебахшад. 
Дар идомаи маросими идона кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзӣ, ҷамоату деҳот, масъулон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳр бо ифтихорнома ва сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадр гардиданд. 
Дар охир, барномаи омоданамудаи аҳли фарҳангу санъати шаҳр ва вилояти Хатлон, ки ифодагари Иди Сада буд, пешниҳоди иштирокдорон шуд.
 
Далер ШАРИПОВ,
бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 917
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед