logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 86 КОРХОНАИ САНОАТӢ ДАР ЯК СОЛ

Соли сипаришуда дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 86 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо фарогирии 1146 ҷойи корӣ таъсис ёфт, ки 145 дарсади нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
 
Ба иттилои Шавкат Маҳмадализода, мудири шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар соли гузашта бунёду навсозии беш аз 60 корхонаву коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Фархор, Бохтар, Кӯлоб, Хуросон, Норак, Темурмалик, Восеъ, Дӯстӣ, Левакант, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Панҷ, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Шаҳритус, Қубодиён, Ҷайҳун, Вахш, Муъминобод ва Носири Хусрав корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, насоҷҷӣ ва сохтмонӣ ба фаъолият шуруъ карданд.
Зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 21 корхонаву коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои шифербарорӣ, мебелбарорӣ ва сардхона дар Бохтар, корхонаи азими насоҷҷӣ дар Кӯлоб, корхонаҳои бандубасти асал, парандапарварӣ дар Ховалинг,  корхонаҳои равғанбарорӣ, макаронбарорӣ ва консерваи меваю сабзавот, ширӣ, қаннодӣ дар Данғара,  корхонаи шароббароии “Тоҷвайн” дар Муъминобод, коргоҳи бандубасти асал дар Балҷувон, корхонаҳои пойафзолбарорӣ, дӯзандагӣ ва мебелбарорӣ дар Темурмалик ва ғайра ба истифода супурда шуданд.
Дар баробари ин, тадбирҳои андешида имкон доданд, ки соли сипаришуда аз 34 корхонаи саноатии аз фаъолият бозмонда 13-тои он фаъолияташро барқарор кард.
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 740
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед