logo

иқтисод

ТАНҲО КОРОНАВИРУС ТАҲДИДИ ИҚТИСОДӢ НЕСТ. ҶАҲОНРО СОЛИ 2022 ЧӢ ИНТИЗОР ХОҲАД БУД?

Пас аз каме коҳиш ёфтани сатҳи паҳншавии пандемияи коронавирус нимаи аввали соли гузашта акнун иқтисодиёти ҷаҳон қомат рост мекард, ки штамми нави 
COVID – 19 (омикрон, ки зудпаҳншаванда мебошад)  аз худ дарак дод. Ба андешаи таҳлилгарон, хуруҷи пайдарпайи коронавирус барои рушди иқтисодиёти ҷаҳон монеа эҷод мекунад, вале мушкилоти дигарро низ саҳл гирифтан нашояд. Аз ҷумла, болоравии нархи барқ, шиддатёбии муносибатҳои ИМА ва Россия, инчунин, масоили дигаре, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд.
 
АГАР ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС  ТУЛ КАШАД…
Дар панҷ соли оянда ММД-и ҷаҳон метавонад то 5,3 триллион доллари ИМА коҳиш ёбад
Моҳи ноябри соли гузашта дар Африқои Ҷанубӣ штамми нави коронавирус бо номи омикрон пайдо гаштаву боиси изтироби аҳолии олам гашт. Ҳафтаи аввал нархҳо ба ҷунбиш даромадаву сармоягузорон пайи муайян кардани оқибатҳои иқтисодии мутатсияи нав афтоданд. Чораҳои пешгирӣ аз гирифторшавӣ дар дунё дигарбора рӯйи кор омаданд. Ҳанӯз коршиносон саргарми омӯзиши омикрон буданд, ки яке аз калонтарин бонкҳои олам «JP Morgan» нисбат ба делта марговар набудани омикронро тасдиқ кард. Ҳарчанд паҳншавии босуръат дошт. Мегуфтанд, ки агар омикрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарба назанад ҳам, ҳатман навъи дигараш хисороти зиёде хоҳад овард. Коршиносон дар сурати ваксинаи умумиро «писанд» накардани омикрон, аз бавуҷудоии вазъи буҳронӣ ҳушдор доданд. 
Гита Гопинат, сариқтисоддони Фонди байналмилалии асъор, моҳи октябр иброз дошт, ки дар ҳоли тул кашидани пандемияи коронавирус, тибқи пешгӯиҳо, ММД-и ҷаҳон дар панҷ соли оянда то 5,3 триллион доллар коҳиш хоҳад ёфт. Ба андешаи ӯ, бояд ҳамаи талошҳо ба он равона гардад, ки то нимаи соли равон 70 дарсади аҳолии сайёра эм шавад. Вале ин ҷо мушкили дигар вуҷуд дорад: аҳолии кишварҳое, ки даромадашон паст аст, ҳамагӣ 5 дарсад ваксина гирифтаанду халос. Кай ин проблема  ҳал хоҳад шуд, вақт нишон медиҳад. 
 
БУҲРОНИ САРТОСАРИИ ЛОГИСТИКӢ 
Ғайр аз ин, боркашонӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаби соли гузашта буд, ки боиси коҳишёбии ҳаҷми иқтисодиёт низ гашт. Мушкилоти соҳаи нақлиёт, камчинии контейнерҳо як тарафи проблема, мушкили дигар низ ба миён омад: баъди лағви маҳдудиятҳои пандемиягӣ, талабот ба маҳсулот дар саросари ҷаҳон якбора афзуд. Ин боиси норасоии техника ва ашёи хом гашт. Саноати мошинсозӣ дар минтақаи Аврупо, махсусан Олмон, зарари бештар дид. Саноатчиён маҷбур шуданд, ки бо сабаби нарасидани мошинолот, аз ҷумла нимноқилҳо, истеҳсолотро кам намоянд. «Гарчанде мушкилоти соҳа то андозае бартараф шуда бошад ҳам, тибқи таҳлилҳо вазъ ҳамоно печида боқӣ мемонад. То оне ки соли 2023 усулҳои нави истифодаи иқтидорҳои боркашонӣ тавассути роҳҳои баҳрӣ амалӣ нагарданд»,– овардааст суханони Франк Соботка, директори иҷроияи ширкати нақлиётӣ – логистикии DSV Air & Sea Germany-ро сомонаи DW. 
 
БОЛОРАВИИ САТҲИ ТАВАРРУМ ДАР ИМА 
Дар ин давра сатҳи таваррум, бинобар камии ашёи хом, гаронии неруи барқ ва дигар омилҳо, дар Аврупо боло рафт. Ин, албатта, норозигии сармоягузоронро ба вуҷуд овард. Онҳо иддао мекарданд, ки бонкҳои марказӣ барои пешгирии афзоиши нарх сатҳи фоизро пеш аз муҳлат мебардоранд. Аз рӯи таҳлилҳо, имсол ҳам дар Аврупо сатҳи таваррум меафзояд. Чунин ҳолат дар ИМА низ пешгӯӣ мешавад. 
Боиси тазаккур аст, ки дар Амрико моҳи декабри соли гузашта сатҳи таваррум якбора афзуда, ба 7 дарсад расид. «Омилҳои таъсиррасон гароншавии нархи хонаҳои истиқоматӣ ва мошинҳои сабукраву боркаши куҳна арзёбӣ мегардад», – менависад сомонаи «Vedemosti.ru». 
Тибқи фарзияҳои Бонки марказии Аврупо, дар сурати ҳалли мушкилоти нобаробарӣ миёни талабот ва пешниҳод, ин масъала ҳалшаванда аст. 
 
ЛӮЛАИ ГАЗИ «МАҶРОИ ШИМОЛ – 2».  ТАҲРИМҲО БАР ЗАРАРИ КИСТ? 
Дигар ин ки ҳамоно муносибати миёни Аврупову Амрико бо Россия печидагиҳо дорад. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои нави иқтисодиро алайҳи Кремл ҷорӣ карданианд, аз ҷумла барои ба истифода додани лӯлаи гази «Маҷрои шимол – 2». 
Бо вуҷуди радду бадалҳо, ин лоиҳа татбиқ гардид, аммо интиқоли газ бо якчанд омил ба таъхир афтод. 30 декабри соли гузашта Владимир Путин хабар дод, ки лӯлаи гази «Маҷрои шимол – 2» омодаи кор аст. Вале масъалаи додани иҷозат аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҳалношуда боқӣ мемонад. 
«Агар таҳримҳои нави ИМА алайҳи Россия татбиқ гарданд ва ба иқтисодиёти кишвар он қадар зарба назананд ҳам, дар алоҳидагӣ ба бозори асъор таъсир мерасонанд», - гуфт ба АИР «Новости» роҳбари лоиҳаи «Таҳлили макроиқтисодӣ ва бозорҳои молиявӣ»-и Маркази тадқиқоти стратегӣ Бахтиёр Ҷафаров. Ба таъкиди коршинос, таҳримҳо, асосан, ба лӯлаи гази «Маҷрои шимол – 2» нигаронда шудаанд. Вале як чиз аниқ аст, ки Аврупо ба гази Россия эҳтиёҷ дорад. Ба андешаи роҳбари бахши стратегӣ оид ба ашёи хоми бонки байналмилалии ING Воррен Петерсон, нархи газ дар Аврупо имсол ҳам меафзояд, ки инро метавонад ҳарчи зудтар интиқол додани газ тавассути лӯлаи “Маҷрои шимол – 2” бартараф намояд.
Тавре бармеояд, ихтилофҳо миёни баъзе кишварҳои олам сол ба сол шиддат меёбанд, ки аксарашон ҷанбаи иқтисодӣ доранд. Табиист, ки мо низ аз таъсири ин омилҳо дар канор нахоҳем монд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2022    №: 20    Мутолиа карданд: 1150
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед