logo

иқтисод

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ БМТ АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДМТ

Ҳайати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси бонк Ҷамолиддин Нуралиев аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал овард.
Дар осорхона экспонатҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти Донишгоҳ гирд оварда шудаанд.
Ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ва ҳайати кормандони бонкро бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир, аз қабили аризаи дохилшавӣ, варақаи имтиҳонӣ, мавзуи иншои дохилшавӣ ба муассисаи олии таълимӣ, билети донишҷӯӣ, дафтарчаи имтиҳонӣ, корҳои курсӣ, диплом ва фармони хатми факултаи иқтисодиёти Донишгоҳ, ки ба солҳои 1977-1982 рост омада, инъикосгари овони таҳсили муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин муассиса мебошанд, шинос кард. Аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда, фанҳои таълимии бахши иқтисодӣ ва дастовардҳои олимон дар толорҳои мунаққашу зебои осорхона нигоҳдорӣ шудаанд.
Баъд аз ифтитоҳ ва боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз осорхона гӯшаи дигари махсус бахшида ба ҳаёту фаъолияти даврони донишҷӯйи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ таъсис ёфт, ки ӯ низ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. 
Кормандони бонк тавассути экспонатҳои  Осорхонаи Пешвои миллат аз ҳаёти давраи донишҷӯйии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои олимону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даврони 30 соли Истиқлоли давлатӣ огоҳии бештар пайдо намуданд.
Осорхонаи Пешвои миллат 22 январи соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. 
Мақсад аз созмондиҳии осорхона тарбияи наслҳои имрӯз дар руҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Бо назардошти мақому манзалати барҷастаи Донишгоҳ, Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2020 оид ба таъсис додани осорхонаи нав ҷиҳати инъикоси давраи таҳсили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм, хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи Донишгоҳ, нишон додани дастовардҳои бонуфузтарин мактаби олии кишвар дар шароити имрӯза ва нақши он дар рушди маориф, худшиносӣ, ифтихор аз Ватан, арзу сипоси устодон, донишҷӯён ва Пешвои муаззами хеш, қарор қабул карданд.
Таъсиси осорхона меҳрнома ва арзи сипоси ҳайати зиёда аз дуҳазорнафараи кормандону олимон ва зиёда аз 25-ҳазорнафараи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба донишҷӯйи факултаи иқтисодиёти Донишгоҳ дар солҳои 1977-1982, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Донишҳои андӯхтаи Сарвари давлат дар оғӯши ин даргоҳи илму маърифат имкон доданд, то ба зинаҳои баланди роҳбарӣ расида, миллату Ватани маҳбубро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд, давлати навини тоҷиконро эҳё ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ ва Пешвои тоҷикони ҷаҳон эътироф гарданд.
Осорхона аз ҳуҷраи пазироӣ ва 2 толор: толори “Таҳсил” ва “Истиқлол” иборат буда, нигораҳо аз нигоҳи таърихӣ мураттаб шудаанд. Масалан, дар тарафи девори рости “ҳуҷраи пазироӣ” Нишони давлатии Тоҷикистон дар гаҷ ҳаккокӣ гардида, аз тарафи чап Парчами давлатӣ ва дар рӯ ба рӯи дари даромад мизи ҳаштгӯшаи кандакоришуда бо курсиҳо гузошта шудааст. Сақфи бино бо кандакориҳои чӯбин пӯшонида шудааст, ки маҳсули дасти донишҷӯёни Коллеҷи рассомии ба номи М.Олимов мебошад.
Дар даромадгоҳи толори “Таҳсил” мизи донишҷӯёни солҳои 70 - 80-уми асри ХХ, ки Пешвои миллат дар он нишаста, таҳсили илм намудаанд, ба намоиш гузошта шудааст. Ин ва дигар нигораҳо, ки аллакай моли таърих дониста мешаванд, ҷолибу диданӣ буда, таваҷҷуҳи ҳар нафарро ҷалб менамоянд. Дар ҳамин толор, инчунин, китобҳои таълимӣ аз фанни иқтисодиёт ҷой дода шудаанд. Дар 3 равоқи толор ҳуҷҷатҳои давраи довталабӣ, таҳсил ва хатми Эмомалӣ Раҳмон ба назар мерасанд. Дар девор акси ректорони Донишгоҳ то давраи истиқлолият гузошта шуда, толорро акси устодони факултети баҳисобгирии бухгалтерии хоҷагии қишлоқ дар солҳои 70-80-ум, акси собиқ донишҷӯйи ин факулта Эмомалӣ Раҳмон баъди супурдани имтиҳонҳои давлатӣ, расми якҷояи ҳамсабақони Пешвои миллат ва нигораҳои кандакоришуда оро медиҳанд.
Композитсияи китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон - таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна” чопи соли 1972 дар лавҳаи чӯбин, бозёфтҳои донишҷӯёни факултети таърих ҳангоми таҷрибаомӯзии археологӣ дар ноҳияи Фархор ва нигораҳои кандакоришуда толорро боз ҳам пурра мегардонанд. Ду сутуни толор бо тасвири нақшҳои Мақбараи Мавлоно Юсуфи Хатлонӣ кандакорӣ шудаанд.
Толори “Истиқлол”-и осорхона ҳуҷҷатҳо, санадҳо ва аксҳоро аз ташрифҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дастовардҳои Донишгоҳро дар 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар гирифтааст.
Дар маҷмуъ, Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф буда, барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ роҳнамои арзанда аст.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2022    №: 20    Мутолиа карданд: 1112
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед