logo

иқтисод

САДА ҶАШНИ ХУРРАМИВУ ОБОДӢ

Таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои аҷдодӣ навидест, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст додааст. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест барои имрӯзиёну ояндагон. Шукр аз он мекунем, ки имрӯз бо даъвату ҳидоятҳои Пешвои миллат идҳои мардумӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва ғайраҳо басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешаванд, ки бешубҳа боиси таваҷҷуҳи аҳли диёр, билхоса насли наврас,  ба гузаштаи бою рангини илмию фарҳангӣ ва маънавии аҷдодонамон мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволашон “Тоҷикон дар оинаи таърих” чунин навиштаанд: “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи аҷдодӣ, расму ойини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонад”.
Ниёгони мо дар замонҳои бостон ҷашнҳои зиёд доштанд. Ҷашн – ин наздикии одамон, иттиҳоди неру, якҷоя бартараф намудани мушкилиҳо, ба якдигар ёрӣ расондан аст. 
Тахминан 5 – 6 ҳазор сол пеш ниёгони мо дар чор фасли сол ҷашнҳои бузург доштанд: дар баҳор Наврӯз, тобистон Тиргон, тирамоҳ Меҳргон, зимистон Сада. Қобили зикр аст, ки гиромидошти унсурҳои муайяни табиат дар маркази ҳар яке аз онҳо қарор доранд. Ниёгони тамаддунофари мо ҷиҳати талқини меҳнатдӯстӣ, рушди кишоварзӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати инсон ин оинҳоро таҷлил карда, умеду орзу, нияту ҳадафҳои худро дар доираи онҳо ифода мекарданд. Иди Сада дар саргаҳи ин ҷашнҳои миллӣ қарор дошта, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба киштукор, яъне тайёрӣ ба баҳор хабар медиҳад. Ин ҷашн ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопокӣ аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад.
Ангезаҳои ривоятӣ ва достонии Ҷашни Сада низ монанди дигар идҳо мансуб ва марбут ба оташ аст. Баъзе таърихнигорон Садаро ба фаъолияти Ардашери Бобакон ва бархе мансуб ба Каюмарс, ки дар ислом ӯро Ҳазрати Одам маънидод намудаанд, мутааллиқ медонанд. Тибқи ин ривоят, гӯё чун шумори фарзандони Одам Абулбашар ба сад мерасад, оташи фаровон афрӯхта дар атрофи он ҷашни бузург сомон медиҳанд ва онро Сада меноманд. Манучеҳрии Домғонӣ низ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани он ишора намудааст:
Ҷашни Сада, амиро расми кибор аст,
Ин оини Каюмарсу Исфандиёр аст.
Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯз аз моҳи Баҳман (баробар ба 30-юми январи милодӣ) баргузор мекарданд. Ба ақидаи мардум, дар ин ҳангом сармо ба авҷи худ мерасад ва, баъдан, рӯ ба эътидол меорад. Тибқи гуфтаи Абурайҳони Берунӣ мардум Садаро ба муносибати “аз дӯзах ба рӯйи олам баромадани зимистон” оташ афрӯхта, ҷашн мегирифтанд, то сармо ба инсонҳо зиёне нарасонад.
Дар баробари ин, ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ба ҳаракати ҷисмҳои осмонӣ ва, махсусан, ҳаракати кураи Замин дар гирди Офтоб зич алоқаманд мебошад.
Баъзе аз олимони хориҷӣ, ки дар соҳаи таърихи дин ва фарҳанги мардумӣ пажӯҳиш бурдаанд, аз ҷумла Тумос Ҳоид бар он ақида аст, пайдоиши Сада ҷанбаҳои нуҷумӣ дорад. Дар ин айём батадриҷ шабҳо кӯтоҳтар мегарданд ва рӯзҳо тулонӣ мешаванд. Дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст, зеро вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии Замин нисбат ба Офтоб мавсимҳои сол пайи ҳам якдигарро иваз менамоянд. Дар ҳақиқат, ҷашнҳои миллии аҷдодӣ ба ҳаракати ҷирмҳои кайҳонӣ зич алоқаманд буда, аз дониши ҳайратангези гузаштагон гувоҳӣ медиҳад ва ба ойини оташпарастӣ ҳеҷ рабт надорад. 
Ҳамин тавр, ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, пеш аз ҳама, ҷашнҳои кишоварзианд. Сада давраи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, Наврӯз киштукори баҳорӣ ва нигоҳубини зироатҳо, Тиргон расиши гандум, обу ободӣ ва Меҳргон ғунучини ҳосил, коркарди аввалаи он, нигоҳдорӣ ва ҷамъбасти ҳамаи давраҳои фаъолияти кишоварзӣ мебошад. Қобили таъкид аст, ки яке аз вижагиҳои Иди Сада ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад. Дар гузашта аз рӯйи анъана барои ҷашн ҳезум ва хору хошокро дастаҷамъона гирд меоварданд. Ин амалро барои он иҷро мекарданд, ки зудтар оташи Садаро афрӯхта, қувваҳои аҳриманиро нобуд созанд ва ҷашнро хушу хурсандона таҷлил намоянд.
Идҳои миллии аҷдодӣ – ҷашнҳои ихтироот, ҳосил ва кашфи оташанд.  Ба шарофати онҳо, аҳли башар олотҳои кишоварзиро мукаммал гардонда, ҳосили зироатҳоро фаровон гардондаанд. Агар мо санаҳои таҷлили ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргонро дар тақвими даврӣ бо нуқта ишора намоем ва онҳоро бо хатти рост бо ҳам бипайвандем, себурҷа пайдо мешавад. Ҳар як паҳлуи он давраҳои долу зарби корҳои саҳроиро ифода менамояд.
 Хурсандиовар аст, ки тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷашнҳои аҷдодӣ аз нав эҳё гаштанд. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами  миллат дар Паёми навбатӣ (21 декабри соли 2021) чунин гуфтанд: “Ба шарофати соҳибихтиёрӣ, мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллатамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки “Шашмақом”, “Фалак”, Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошанд”.
Ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, пеш аз ҳама, идҳои кишоварзӣ мебошанд. Бо дарназардошти ин, ягона боргоҳи илму ҳунари кишоварзии кишвар Донишгоҳи аграрии Таҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҷлили пуршукӯҳи онҳо, махсусан Меҳргон ва Сада саҳми арзанда дорад. Раёсат ва ҳайати профессорони муассиса пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастпарварони донишгоҳ – мутахассисони ояндаи истеҳсолоти кишоварзӣ дар баробари омӯзиши дастовардҳои илму истеҳсолоти замонавӣ, дар руҳияи мероси пурғановати аҷдодони тамаддунофарамон, ҳамчун қосидони илму маърифат ба деҳот, тарбия ёбанд. 
Бояд тазаккур дод, ки тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихори хеш ва заҳматдӯстӣ аз анъанаҳои волотарини миллати мост. Дар ин бобат шарқшиноси маъруфи Олмон Адолф Рупп навиштааст: “Чизе, ки дар таърихи Осиёи Миёнаю Эрон аз ҳама беш ҷолиби таваҷҷуҳ буд ва руҳи маънавии мардумони эронинажодро дар зиндагии иҷтимоии онон муҷассам менамояд, тарзи таълиму тарбияи онҳост. Ин таълиму тарбия аз кӯдакӣ дар руҳияи ҷавонон сарчашмаи ҳисси некӣ гардида, онҳоро дар кор ба шоҳроҳи ростӣ раҳнамоӣ мекунад, аз ибтидо қувваи равонӣ ва ҷисмонии онҳоро муҳайёи кор намуда, ҷомеаи саҳеҳу солиме тарбият менамояд”.
Ҳар як шаҳрванди кишвари маҳбубамон ифтихор аз он дорад, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ эҳё ва таҷлил мешаванд. Ин амал дар таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ таъсири бузург мегузорад. Таҷлили Иди Сада низ яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузаштаи миллат аст.
 
МАҲМАДЁРЗОДА Усмон Маъмур, 
ректори ДАТ ба номи 
Шириншоҳ Шоҳтемур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2022    №: 20    Мутолиа карданд: 1126
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед