Хабарҳо
СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ДАР ТАТБИҚИ НИШОНДОДҲОИ ПАЁМ МАСЪУЛЕМ!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлил ва хулосабарории ҳаматарафа қарор дода, оид ба натиҷаҳои ноилгардида ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада барои солҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур намуданд, ки он ҳамчун чароғи роҳнамои фаъолияти тамоми рукнҳои давлатист. Сарвари давлат ба масъалаи таъмини адолати судиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳ намуда, чунин таъкид намуданд: «Мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматияшонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”.
Ин матлабро Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ, дар ҳамоише, ки доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид, иброз дошт. Дар ҷамъомад роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ ширкат доштанд.
Раиси Суди Олии иқтисодӣ афзуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон аз рӯйи принсипи инсондӯстӣ амал мекунанд. Тавре дар Паём таъкид карданд, замони соҳибистиқлолии кишвар 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардидааст. Ин шаҳодат аз он аст, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқ ва озодии ӯ арзиши олӣ эътироф мегардад.
Ҳамзамон, дар ҳамоиш дар мавзуъҳои “Рушди судҳои иқтисодӣ дар меҳвари Паём”, “Паём – ҳуҷҷати барномавӣ дар рушди саноат”, “Рушди иқтисодиёт дар меҳвари Паём”, баромад намуда, зимни табодули назар қарор доданд, ки дар заминаи нишондодҳои Паёми Пешвои миллат амал карда, вазифаҳои хидматии худро содиқона ва дар доираи эҳтиром ба волоияти қонун иҷро хоҳанд кард.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 651