logo

Хабарҳо

ҲИСОР. ҲАМОИШИ ПАЙРАВОНИ ПЕШВО

Дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор маросими  супурдани шаҳодатнома ва мукофот ба гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Ҳисор, Турсунзода, Ваҳдат, Файзобод, Варзоб, Рӯдакӣ ва Шаҳринав  баргузор гардид. Дар ҳамоиш  Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор  иштирок ва суханронӣ намуданд.    
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки наврасону ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба онҳо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ зоҳир гардида, пайваста густариш меёбад. 
Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони болаёқат соли 1998 таъсис ёфта, маблағи он дар ибтидо 240 сомониро ташкил медод ва дар ҷумҳурӣ 300 нафарро дарбар мегирифт. Шумораи гирандагони стипендия дар соли хониши 2021 - 2022 ба 3000 нафар расида, маблағи он дар як моҳ 500 сомониро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Ҳисор соли хониши 2021 - 2022 теъдоди гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 нафари қаблӣ ба 91 нафар расидааст, ки ин аз афзудани сафи хонандагони болаёқат ва донишманду закӣ шаҳодат медиҳад. 
Дар идомаи ҳамоиш гирандагони Стипендияи президентӣ бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолию озодии Ватани маҳбуб  миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои омӯхтани илму дониш баён доштанд. Онҳо ваъда доданд, ки бо омӯхтани илмҳои пешрафта дар оянда ба давлату миллати худ хизмат хоҳанд кард.
Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр дастагули шеъру таронаро дар васфи Ватану истиқлол ва зебоиҳои табиати диёр тақдими ширкаткунандагони ҳамоиш карданд. Меҳмонон, ҳамчунин, аз китобхона ва осорхонаи марказии шаҳр дидан намуда, як ҷаҳон таассурот бардоштанд.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед