logo

маориф

БУНЁДИ МИЛЛАТ АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД

Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони англисӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. 
 
Ин нукта дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, ки амалишавии он аз ҳар яки мо - омӯзгорон вобаста аст. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, хусусан англисиву русӣ, дар ҳар вохӯриву нишасташон бо ҷавонони кишвар таъкид мегардад.  Ин навбат Роҳбари давлат ба Вазорати маориф ва илм дастур доданд, ки дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ шуъбаҳои алоҳидае, ки омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ омода мекунанд, таъсис дода шавад. Воқеан, масъалаи омода кардани омӯзгорони забондон муҳим аст, зеро забонҳои русиву англисӣ дар ҳоли ҳозир забони илму иттилоот ба шумор мераванд. Ба ин хотир, иҷрои ин дастури Пешвои миллат дар рушди илму маориф такони ҷиддӣ хоҳад буд. Сарвари давлат, ҳамчунин, таъкид намуданд: “Аз ин ба баъд муассисаҳои давлатӣ кадрҳоеро бо кор таъмин мекунанд, ки забони англисиву русиро дар сатҳи гуфтугӯйӣ донанд. Ин имкон медиҳад  пешравии кор дар солҳои баъдӣ беҳтар гардад”. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳам макотиби олӣ ба таълими забонҳои хориҷӣ диққати бештар диҳем. Пешниҳод менамоям, ки дар донишгоҳҳо, донишкадаҳо ва коллеҷҳо аз тадриси бархе фанҳое, ки таълими онҳо ба манфиати донишҷӯён нест, даст кашида, таълими забонҳои хориҷиро бештар намоем. Чун як омӯзгор мехостам донишҷӯён тариқи барномаҳои нав аз илм воқиф гарданд. Аз ин рӯ, моро  мебояд ба такмили ихтисос ҳар чи бештар тавваҷҷуҳ зоҳир намоем. Ҳар омӯзгоре, ки ба толибилмон дарс мегӯяд, ҳар рӯз бояд чизи наве барои шогирди худ гуфта тавонад.
Дар макотиби олӣ, мутаассифона, забонҳои хориҷӣ дар сатҳе таълим дода мешаванд, ки набояд он тавр бошад. Омӯзгорон бояд барномаи наве, ки тавонад ба талаботи замон ҷавобгӯ бошад, омода созанд. Дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ то ҳол забони англисиро аз рӯи китоби “BONK” таълим медиҳанд, ки он аслан ба талабот ҷавобгӯ нест. Аз рӯйи ин китоб бояд навомӯзону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна таълим гиранд. Баъзан бо дидани бархе донишҷӯёне, ки дар факултаҳои забонҳои хориҷӣ таҳсил доранду як ҷумлаи содае ба ин забонҳо  навишта наметавонанд, алами кас меояд. 
“Чандин хонандагони мо баъди хатми мактаби миёна тарки Ватан намуда, дар хориҷ аз кишвар таҳсилро идома медиҳанд. Як сабаби он набудани омӯзгорони хуби донандаи забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир аст”, - зикр намуданд Пешвои миллат.  Таҳсил дар хориҷи кишвар хуб аст, зеро таҳсил дар давлатҳои хориҷ донишҳои нав, имкониятҳои нав ва кадрҳои навро омода мекунад. Мушкил ин аст, ки бештари ин донишҷӯён баъди хатми донишгоҳ дигар ба Ватан барнамегарданд. Ҳукумати кишварро зарур аст  маҳз ҳамин кадрҳоро бо ҷойҳои хуби корӣ ва маоши арзанда таъмин намояд, то фаъолияташонро дар Ватан ба роҳ монанд ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми бештар гузоранд.
Волидонро ҳам зарур аст, ки барои донишандӯзӣ ва касбу ҳунар барои фарзандони худ шароити мусоид фароҳам оранд. Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунар ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан хеле душвор аст. Барои рақобатпазир будан мебояд худро бо дониши муосир ва иттилооти нав мусаллаҳ намоем. 
 
Ҳусейн РАҲМОНОВ, омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2022    №: 21    Мутолиа карданд: 4401
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед