иқтисод
НАВОВАРИҲОИ ИЛМӢ - АСОСИ РУШДИ МОДЕРНИЗАТСИЯИ СОҲАИ САНОАТ
Дар замоне ки ҷаҳон аз лиҳози иқтисодӣ меҳвари хешро батадриҷ тағйир дода истодааст, моро баҳри таҳкими истиқлолият лозим меояд, то дар асоси арзишҳои илмии инноватсионӣ самтҳои гузариши Тоҷикистонро аз мамлакати агросаноатӣ ба саноатӣ - аграрӣ арзёбӣ намоем. Зеро кишоварзӣ баҳри рушди соҳаҳои мухталифи саноат заминаи боэътимод мегузорад.
Гузариш ба ин низом моро водор менамояд, ки арзишҳои соҳаҳои гуногуни илмро аз лиҳози географӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, геологӣ, технологӣ ва табиӣ таҳлилу таҳқиқ намуда, самтҳои саноатикунонии кишварро вобаста ба замон аз лиҳози кишоварзӣ баён намоем.
Тоҷикистон кишвари камзамин мебошад, биноан, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти ғизоӣ ва, ба ин васила, таъмини амнияти озуқаворӣ, яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор рафта, бахши аграрӣ дар ҳалли ин масъала ҳамчун раванди стратегӣ ҳисобида мешавад.
Азбаски соҳаи парандапарварӣ дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ нақши муҳим мебозад, мо тасмим гирифтем, ки аз лиҳози соҳаи парандапарварӣ самтҳои асосии саноатикунониро баррасӣ намоем. Оид ба ҳалли ин масъала аввалан, “Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015” баъдан, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи парандапарвари” (21.07.2010, № 633) -ро қабул намуда, дар ин замина бахши парандапарварӣ дар барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ҳамчун ҷузъи алоҳида ҷудо шудааст. Хушбахтона, ба туфайли чунин коргузориҳо ҳамасола таъмини аҳолӣ бо тухму гӯшти истеҳсоли ватанӣ беҳтар шуда, ҳаҷми воридоти ин намуди маҳсулот кам шуд. Агар соли 1991 дар ҷумҳурӣ миқдори корхонаҳои парандапарварӣ 21 ва истеҳсоли тухм 454, 3 миллион донаро ташкил медод, ин нишондиҳанда соли 2020 ба 170 адад ва истеҳсоли тухм ба 930 миллион дона расид. Ҳоло истеҳсоли тухм дар кишвар ба як миллиард дона ва гӯшти паранда зиёда аз 30 ҳазор тонна расидааст. Аз нигоҳи коршиносон барои таъмини аҳолӣ бо ин намуди маҳсулот бояд истеҳсоли тухм ба як миллиарду 700 миллион дона ва гӯшти паранда ба 60 ҳазор тонна расонда шавад.
Далелҳои зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки тули 30 соли Истиқлолият дар ин самт Ҳукумати Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Азбаски рушди минбаъдаи ин соҳа дар шароити ҳозира ба сатҳу сифати истеҳсоли ғалладонагиҳои кишварамон вобастагӣ дорад, мо бояд тавонем рушди ин соҳаро дар оянда на танҳо таъмин созем, балки густариш диҳем. Чунки талаботи аҳолӣ ба ғалладонагиҳо рушди ин соҳаро минбаъд ғайриимкон мегардонад. Оид ба ин масъала дар илм назарҳо гуногунанд. Бархе олимон бар онанд, ки танҳо ба туфайли сермаҳсул, гардондани зоту дурагаҳои маҳаллӣ мо метавонем ба ин ҳадаф ноил гардем. Дар баробари ин, гурӯҳи дигари олимон иброз менамоянд, ки танҳо ба туфайли ворид намудани технологияи инноватсионӣ мо метавонем дар оянда рушди ин соҳаро таъмин намоем. Аз ин бармеояд, ки барои вусъати соҳаи мазкур ҳамбастагии илму истеҳсолотро ҷорӣ намоем. Чунин амал на танҳо барои рушди ин соҳа ва талаботи иқтисодиёти бозоргонӣ мувофиқат мекунад, балки ба афзоиши истеҳсоли тухму гӯшт мусоидат менамояд.
Нидерландия дар соҳаи мурғпарварӣ таърихи сесадсолаи зотпарварӣ дорад. Ҳатто мамлакатҳои абарқудрат рушди соҳаи парандапарварии худро дар асоси зотҳои ин кишвар ба роҳ мондаанд. Олимони тоҷик алҳол имкон надоранд, ки дар як муддати кӯтоҳ аз мурғҳои маҳаллӣ чунин зотҳо офаранд. Гарчанде зотҳои маҳаллӣ каммаҳсул бошанд ҳам, аз зотҳои ҳолландӣ бо баъзе хусусиятҳои хуби ирсиашон фарқ мекунанд.
Чандин солҳост, ки олимони Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо мутахассисони соҳа дар асоси омӯзишҳои муқоисавӣ оид ба муайян намудани зоту кроссҳои сермаҳсули парандагон пажӯҳишҳо гузаронда истодаанд. Шояд дар оянда онҳо оид ба такмили минбаъдаи сифати зоти мурғҳои маҳаллӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд. Дар шароити ҳозира барои Тоҷикистон масъалаи дигари мубрам рушди соҳаи чорводорӣ ва, ба ин васила, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ширию гӯштӣ мебошад. Олимони шуравӣ муайян намуда буданд, ки арзиши аслии гӯшти қутос назар ба гӯшти гову гӯсфанд 3-4 маротиба арзон мебошад. Шояд таъсири ҳамин нуқтаи назар бошад, ки чандин солҳост дар кишвар ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Ҳанӯз 16 марти соли 1999 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои барқарор ва тараққӣ додани қутоспарварӣ дар мамлакат” қабул гардид.
Аз ин бармеояд, ки қутоспарварӣ дар оянда ба яке аз соҳаҳои муҳими чорводорӣ мубаддал хоҳад гашт. Минтақаҳои баландкӯҳи Тоҷикистон барои рушди ин соҳа тамоми имкониятҳоро доранд. Мувофиқи маълумот 1,2 млн га замин дар Бадахшон барои парвариши ин ҳайвон мувофиқ аст. Дигар паҳлуи он ин аст, ки рушди ин соҳа дар ВМКБ ҳамасола манбаи даромади фоиданок ба ҳисоб меравад.
Олимони тоҷик зимни озмоишҳои мухталиф ошкор намуданд, ки шароитҳои агроэкологии ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Муъминободу Ховалинг ва шаҳри Панҷакент низ ба тараққӣ додани соҳаи қутоспарварӣ мувофиқат мекунанд. Аз муҳтавои тадқиқотҳои олимони тоҷик бармеояд, ки раванди мутобиқгардонии ин намуди чорво ба шароити нисбатан пасти кӯҳҳои водии Зарафшон натиҷаи хуб дод. Соли 2020 экотипи сермаҳсули зарафшонии қутоси помирӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ тасдиқ гардид, ки ин дастоварди назаррас мебошад. Дар ҳошия ба чунин мулоҳизарониҳо агар арзишҳои илмиро аз дидгоҳҳои гуногун дар сатҳи байналмилалӣ натиҷагирӣ намоем, маълум мегардад, ки хусусияти хоси биологии қутосҳо аз он иборат аст, ки онҳо дар шароити сахти экологӣ - ҷуғрофӣ зиндагӣ мекунанд. Биноан, онро “ҳайкали табиат” ном мебаранд. Кӯшишҳои чандинкаратаи олимони дунё дар самти ба водиҳо фуровардан ва омӯхтани қобилияти мутобиқшавии он ба шароити нави экологӣ самар надод. Баръакс чунин раванди мутобиқгардонӣ ба ин намуди чорво номувофиқ буда, онро каммаҳсул мегардонад.
Вақти он расидааст, ки саршумори ин намуди чорворо дар муҳити маскуниаш зиёд намоем. Зеро чарогоҳҳое, ки барои парвариши чорвои мазкур истифода мешаванд, барои чарондани дигар ҳайвонот мувофиқ нест. Хулоса, раванди саноатикунонии кишвар дар баробари модернизатсияи хоҷагии қишлоқ, инчунин, зарурияти нигоҳ доштани генофонди маҳаллиро ба миён мегузорад.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологии
Маркази тадқиқоти стратегтии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.02.2022 №: 21 Мутолиа карданд: 1143