Хабарҳо
ТОҶИКИСТОН. ДИГАРГУНСОЗИИ НИҲОДИИ БАХШИ БОНКӢ
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ, барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ” семинар доир гашт, ки онро ректор Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ бахшид.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ҳадафаш такмил додани сатҳи малакаву дониш ва тафаккури молиявию иқтисодӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонон бо истифода аз амалия ва назарияи муосир мебошад, арзи сипос намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев ҳозиронро бо қисмҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, рушди низоми бонкӣ, устувории бозори асъор ва стратегияи бартараф кардани буҳронҳо, ислоҳоти институтсионалии Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2021, тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои бо пандемияи СОVID-19 алоқаманд, идомаи сиёсати пешгирифта шинос намуд. Рӯнамои мазкур аз 74 слайд иборат буда, дар ҳар як слайди он 160 нишондиҳандаи гуногун дар 11 соли охир бо назардошти таҳлилҳо ва диаграммаҳо инъикос ёфтааст.
Зимни рӯнамо аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, рушди воқеии иқтисодиёт, сатҳи таваррум ва тамоюли тағйирёбии онҳо дар ёздаҳ соли охир (солҳои 2011-2021), маълумот манзур намуд. Дар самти татбиқи сиёсати монетарӣ бошад, роҷеъ ба раванди гузариш аз реҷаи маъмулии ҳадафгирии монетарӣ ба реҷаи сифатан нави сиёсати пулию қарзӣ - ҳадафгирии таваррум баҳри таъмини суботи нархҳо ва нигоҳдории сатҳи муътадили таваррум, ҳамчун яке аз нишондиҳандаҳои фундаменталии макроиқтисодӣ барои коҳиш додани номуайянӣ ва интизориҳои манфии аҳолӣ, зиёд гаштани эътимод ба пули миллӣ, тақсимоти босамари захираҳо, афзоиши ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ, ки дар маҷмуъ, дар рушди воқеии иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад, ибрози ақида кард. Аз ҷумла, тазаккур дод, ки аз соли 2015 то имрӯз баҳри гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум таҳияи стратегияи сиёсати монетарӣ барои солҳои 2016-2020 ва 2021-2025, ҳамоҳангии самаранок миёни аҳолӣ тавассути гузарондани пурсиши интизории аҳолӣ оид ба таваррум, ҷорӣ ва самаранок намудани фишангҳои нави монетарӣ баҳри идоракунии пардохтпазирии кӯтоҳмуддат ва фаъолгардонии амалиётҳо дар бозори озод, беҳтар гардидани иқтидори таҳлил ва дурнамосозӣ (тавассути моделҳои эмперикӣ), гузариш ба стандартҳо ва методологияҳои нави омори байналмилалӣ, ҷорӣ намудани платформаи мутамаркази автоматии шаффофи электронии савдо, таъсирбахшии меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум, таъмини шаффофият дар амалиётҳои монетарӣ ва дигар ислоҳоти таъсирбахш роҳандозӣ шуд. Дар натиҷаи ислоҳоти самараноки таъсирбахш сатҳи таваррум дар доираи ҳадафи пешбинигашта нигоҳ дошта шуда, муътадилии қурби пули миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.
Рӯнамо бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пешниҳод шуда, дар рафти он, ҳамчунин, муколама ва муҳокимаронии мусоид оид ба мавзуъҳои рӯнамо барои донишҷӯён муҳайё шуд.
Вохӯрӣ-семинари амалиро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки семинари амалӣ доираи васеи масъалаҳои гуногуни иқтисодию бонкиро фаро гирифта, дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди рушди иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 670