Хабарҳо
РАШТ. ШАРҲИ ПАЁМ ДАР МАҲАЛ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, ҳуҷҷати муҳим ва санади стратегии ҳадафманди фарогири як силсила мушкилоту масъалаҳо, муваффақиятҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад, ки сабаби масъулиятпазирӣ ва ифтихори ҳар шаҳрванди бонангу ори кишвар мегардад.
Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад. Агар мо сокинони кишвар ҳар нуктаи онро мавриди омӯзиш қарор диҳему ҳар ҳидояти Пешвои миллатро, ки дар он дарҷ гардидаанд, амалӣ созем, барои расидан ба кӯйи саодати аз ин ҳам баландтар даст меёбем.
Бо ин ҳадаф, дар асоси нақша - чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, ки бо қарори раиси ноҳия аз 27 декабри соли 2021, таҳти № 1026 тасдиқ шудааст, 14 гурӯҳи таблиғотӣ дар ҳайати 123 нафар оид ба баррасии нуктаҳои Паёми имсола дар ҳамаи маҳалҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрӣ доир намуда истодаанд.
Дар вохӯриҳо тарғиботчиён оид ба дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳо, дастгириҳои давлату Ҳукумати кишвар ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди соҳаи маориф ва тандурустӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди бахшҳои хусусӣ, соҳаи ҷавонон ва варзиш, пешгирии даст задани ҷавонон ба амалҳои номатлуб, махсусан ба терроризм ва экстремизм ва, инчунин, оид ба беҳтар гардидани сатҳи таълиму тарбия, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардиданд, баромад менамоянд.
Илова ба ин, дар асоси қарори раиси ноҳия ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гурӯҳҳои фаҳмондадиҳии хешро аз ҳисоби фаъолону зиёиён таъсис дода, ба сокинони маҳалҳои дурдаст нуктаҳои Паёмро шарҳу тавзеҳ медиҳанд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 632