logo

Хабарҳо

НУРОБОД. ТАНТАНАИ ҶАШНИ НИЁГОН

Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Мардуми заҳматкаши ноҳияи Нуробод низ ба хотири пос доштани урфу одати ниёгон ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ Ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд.
Додарҷон Ҷобирзода, раиси ноҳия, мардумро аз таърихӣ будани Иди Сада огоҳ намуда, иброз намуд, ки: «Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мегардад. Эҳёи таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёд навидест, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад. Сада рамзи рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахустини баҳор меорад ва деҳқононро барои киштукори саҳро омода менамояд. Иди Сада ба гулшани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро ба гармиҳои баҳор пайваст намуда, 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯзро  мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни сол ва истиқболи соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегарданд».
Боиси зикр аст, новобаста аз сардии ҳаво мардуми ноҳия маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба маърази  тамошо гузошта, бо нархи арзон дастраси мардум намуданд. Иди Сада, ки ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав, сарфароз гардондани пешқадамон ва омодагии соҳа ба киштукори баҳорӣ буда, қалби ҳар фарди ватандӯстро барои ободии диёри хеш бедор менамояд. Ба ин хотир, аз ҷониби раиси ноҳия як қатор кишоварзони маҳаллӣ ба муносибати Ҷашни Сада ифтихорнома сарфароз гардонда шуданд. Чорабинии фарҳангӣ низ хотири бошандагонро шод намуд. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 785
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед