Хабарҳо
ТАҶЛИЛИ САДА ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
Ҷашни Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар кишвар таҷлил мешавад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабар доданд, дар чорабинии бахшида ба Ҷашни Сада дар ноҳия намоиши идона иборат аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ баргузор гашт, ки боиси хушҳолии иштирокдорон гардид.
Раиси ноҳия Бобишо Холзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Ҷашни байналмилалии Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки соли гузаштаро кишоварзони ноҳия бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд. Аз ҷумла, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба андозаи беш аз 300 миллиону 23 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки аз ин 144 миллиону 491 ҳазор сомонӣ ба соҳаи рустанипарварӣ ва 156 миллиону 532 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2020-ум 30 миллиону 455 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
- Мардуми шарафманди ноҳияи Файзобод дар қатори дигар сокинони сарбаланди кишвар, ки табиатан ба некиву покӣ ва гармиву рӯшноӣ майл доранд, Ҷашни Садаро бо хушиву хурсандӣ истиқбол гирифта, чун ниёгони хушсалиқаамон аз имрӯз шуруъ карда, ба мавсими киштукори баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳ, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат мебошад,- зикр намуд раиси ноҳия.
Инчунин, ба муносибати Иди Сада дар маркази ноҳия ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронда шуд, ки аз онҳо сокинони ноҳия бо нархи арзон маҳсулоти хӯрокворӣ дастрас намуданд.
Дар охири чорабинӣ як қатор кормандону мутахассисони фаъоли соҳаи кишоварзии ноҳия бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 665