Хабарҳо
САДА. МУЖДАЕ АЗ ФАЙЗИ БАҲОР
Сада дар қатори пуршукӯҳтарин идҳои аҷдодонамон - Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми мо буда, дар аҳди қадим хеле мутантан, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханафрӯзиҳо, рақсу таронахонӣ, оростани хони пурнозу неъмат баргузор мешудааст. Имрӯзҳо бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат Сада дар ҳама минтақаҳои кишвар ҷолибу хотирмон таҷлил мегардад.
Дар ноҳияи Шаҳринав Ҷашни Сада дар гулбоғи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, кишоварзон, ҳунармандон ва сокинон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Ҷаббор Носирзода, раиси ноҳия, нахуст ширкатдорони чорабиниро бо ин ҷашни аҷдодӣ табрик гуфта, дар корҳои ободонӣ ва оғози мавсими нави киштукор барору комёбиҳои нав таманно намуд.
Зикр гардид, ки Сада пирӯзии рӯшноиро бар зулмот ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи Наврӯзро мерасонад. Оташи афрӯхтаи марди деҳқон ба чеҳраҳо нур ва ба қалбҳо сурур мебахшад. Дар чорабинӣ дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Боғдорон дар гӯшае навъҳои гуногуни ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, гулу буттаҳои ороишӣ, тухмии зироатҳо ва маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузошта буданд, ки аз фаровонҳосилии сол мужда мерасонданд. Гӯшаи дигарро техника ва мошинолоти кишоварзӣ зиннат мебахшид. Аз ҷониби ҳунармандон гӯшаҳои ҳунармандӣ, аз қабили оҳангарӣ, рассомӣ, таомҳои миллӣ, дӯзандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ороста шуда буд, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ 8 нафар кишоварзи ноҳияи Шаҳринав барои хизматҳои арзанда дар рушду пешрафти соҳа бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонда шуд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 722