logo

маориф

МАОРИФ. ЗАБОНОМӮЗӢ ВА МУШКИЛОТИ ОН

Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба ҳисоб рафта, дар саргаҳи сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ҷойгоҳи асосӣ доштани ин ду соҳаи ба ҳам тавъамро дар сиёсати давлатӣ мунтазам таъкид менамоянд. 
Зимни ироаи Паёми навбатӣ Сарвари давлат дар баробари зикр намудани дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, инчунин, оид ба масъалаи забономӯзӣ махсус таъкид карданд, ки сатҳи азхудкунии забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ ва русӣ, ҷавобгӯи талаботи замон нест. Хонандагон бо забонҳои хориҷӣ дуруст муошират карда наметавонанд. Вақти он расидааст, ки аз конспектҳо ва усулҳои куҳна даст кашида, аз усулҳои пешрафтаи дунё истифода барем. Ҳамзамон, Президенти кишвар таъкид карданд, ки ҳар як узви ҷомеа бояд забонҳои хориҷиро донад ва омӯзгорони фанҳои дақиқ низ дарсҳоро бо забони хориҷӣ гузаранд. Мутасаддиёни соҳа барои тарҳрезии барномаҳо масъулият ҳис намуда, чораҳо биандешанд.
Давлати мо бо 180 кишвари дунё робитаҳои дипломатӣ ва бо 130 мамлакат робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дорад. Шахсоне, ки аз нозукиҳои забонҳои хориҷӣ хуб бархӯрдор ҳастанд, онҳо муаррифгари маданият ва фарҳанги миллат мебошанд. Албатта, имрӯз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимгоҳҳое ҳастанд, ки коргузориро бо омӯзгорони ботаҷриба ва шароитҳои хуби замонавӣ ташкил намудаанд. Аксари хонандагони болаёқат дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок карда, Парчами миллатро баланд бардошта, бо медалу туҳфаҳо ба Ватан бармегарданд. Лекин ин дастовардҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.
Мавриди зикр аст, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 08. 2019, № 438, “Дар бораи Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” тадбири саривақтӣ буда, татбиқи он ба ҳалли ин мушкилӣ мусоидат хоҳад намуд. Зеро дар раванди ҷаҳонишавии ҷомеаи ҷаҳонӣ донистани забонҳои хориҷӣ як роҳи ноил гардидан ба муваффақиятҳои беш аз пеши ҳар як сокини кишвар маҳсуб меёбад. 
Мутаассифона, он дастуру супориш, тавсия ва нақшаҳое, ки дар барномаи мазкур дарҷ гардидаанд, ба таври бояду шояд амалӣ нашудаанд. Сабаб чист, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ айни замон ба таври дилхоҳ ва самарабахш дида намешавад. Яке аз омилҳои он ҷавобгӯи талабот набудани китобҳои дарсӣ мебошад. Хонандагоне, ки фақат аз китобҳои дарсӣ истифода мебаранд, дониши казоӣ гирифта наметавонанд. Бо вуҷуди он ки, матнҳои  китоб  пурмазмун,  мувофиқи меъёр аст, аммо ба шароити муассисаҳои таълимӣ, хусусан деҳот ва қобилияти хонандагон мувофиқ нестанд. Чунки дар деҳот боғчаҳои кӯдакон вуҷуд надоранд, ки онҳо таҳсилоти томактабиро аз боғча гиранд ва барояшон дар оянда заминаи қавӣ гардад. Аз ин рӯ, пешниҳод дорам, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ китоб ва барномаҳои беҳтаринро омода созанд, то ки ба омӯзгор дар рафти таълим мушкилӣ эҷод нагардад. 
Омили дигар, аз нигоҳи ман, кам будани соати дарси забонҳои хориҷӣ мебошад. Айни ҳол дар як ҳафта ду соат барои дарси забони англисӣ ҷудо шудааст, ки аз назари мо басанда нест. Дар ин муддат омӯзгор наметавонад, ки ба ҳар як хонанда алоҳида мавзуъро фаҳмонда, шарҳу тавзеҳ диҳад. Зеро ҳифз ва азхудкунии забонҳои хориҷӣ, бахусус тарзи навиштани ҳарфҳо, талаффузи овозҳо ва сарфаҳм рафтани грамматикаи он, душвор буда, вақти бештарро талаб мекунад. Барои ин нахуст забони модариро бояд хуб аз худ кард, чунки бо ин восита омӯхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад. Ҳамчунин, заминаҳои ақлӣ ва зеҳниро дуруст ба роҳ мондан лозим меояд, ки барои роҳ ёфтани мутахассисони барҷаста дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Дар баробари ин, шумораи аз меъёр зиёди хонандагон, норасоии мизу курсӣ ва ё дар баъзе муассисаҳо набудани шароити хуби таҳсил низ садди роҳи беҳтар гаштани омӯзиши ин фанҳо шудааст. 
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, хонандагоне, ки дар назди омӯзгорон ё дар марказҳои омӯзишӣ дарси иловагӣ мегиранд, ин фанҳоро зудтар ва беҳтар аз худ мекунанд. Лекин инро низ бояд дар назар дошт, ки на ҳамаи волидон чунин имконро доранд. 
Барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб нақши омӯзгор низ ниҳоят калон мебошад. Агар худи омӯзгор саводи баланду комил дошта бошад, аз барномаҳои ҷолиб истифода бурда, фарҳангу анъана ва таърихи давлатҳои хориҷи кишварро содаю  равон ба хонандагон омӯзад, толибилм он мавзуъро зуд аз худ мекунад. Дар муассисаҳо фаъолият кардани мутахассисони ғайриихтисос, дорои дониши нокомил ҳам, бешубҳа, ба паст шудани сатҳи донишандӯзии шогирдон мусоидат мекунад. 
Масъалаи дигар, ки барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон дар ин самт монеа эҷод мекунад, ин риоя нагардидани уҳдадориҳои падару модар (волидон) нисбат ба фарзандон ва суст будани ҳамкории онҳо бо мактабу омӯзгорон мебошад. Аксари волидон аз одобу дониши фарзандонашон огоҳӣ надоранд ва дар хона ба кору рафтор, дарсхонии онҳо ҳатто таваҷҷуҳ намекунанд. Дар маҷмуъ, ин омилҳо боиси аз донишомӯзӣ қафо мондан, зам шудани мушкилот дар синфҳои болоӣ ва душвор шудани таълиму тарбия барои омӯзгорон мегардад. 
Аз таҷрибаи кории худ гуфтаниам, ки барои хуб аз худ шудани забонҳои хориҷӣ, шавқовар гузаштани дарсҳо, доштани завқи баланд, фаъолияти чашмраси наврасон бояд муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои махсус - кабинети лингафонӣ, ки бо ашёҳои зарурии таълимӣ, аёният, технологияҳои нав, ба монанди планшет, проектор муҷаҳҳаз, дошта бошанд. Мехоҳам аз баъзе усулҳои ҷаҳони муосир, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаам аз он истифода мебарам ва натиҷаашро дар шогирдон дидаам, ин ҷо зикр намоям. Яъне, аз пешрафти технологияи ҳозиразамон, аз таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ огоҳ шуда ва аз онҳо дар раванди кор истифода намудан ба манфиати муассиса ва миллату давлат мебошад. Дар дарсҳо бештар аз муколама ва матнҳое, ки сабти овозӣ доранд, ба бачаҳо нишон додан ва фаҳмондан натиҷаҳои самарабахш медиҳанд. Китобҳои беҳтарини дунё, ба мисли «Кембриҷ», «Оксфорд» (муаллиф доктор Пимелер), «Английский язык для детей» (Галина Петровна Шалаева), «Английский язык» (О. В. Афанасьева, И. В. Михеева), «Highway to English» (Мусаллама Ҳомидова) айни ҳол бо барномаҳои наву муосир барои омӯзиши хонандагон хеле мувофиқанд. Масалан, дар китоби забони англисӣ - «Highway to English», ки муаллифаш Мусаллама Ҳомидова мебошад, мавзуъҳо осон, шавқовар ва бо нақшаҳо оварда шудаанд. Истифодаи китоби электронӣ бо истифодаи проектор низ, шавқу завқи бачаҳоро ба омӯзиш дучанд мекунад.
Агар дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ маорифчиёни мамлакат баҳри ба бовари Пешвои муаззами миллат сазовор гардидан, пайваста талош намуда, ҷиҳати ба камол расондани насли ояндасоз, пешбурди кори таълиму тарбия ва рушду нумӯи ҳамаҷонибаи соҳа фаъолияти самимонаро ба роҳ монанд, дар ояндаи наздик мо ба дастовардҳои баландтар ноил мегардем. Дар ин раванд вобаста ба беҳсозии сифати таълиму тарбия, таъмини таълимгоҳҳо бо маводи таълимӣ, ёрии методӣ расондан ба мутахассисони ҷавон, фароҳамоварии шароити мусоиди корӣ, устувор гардондани пояҳои моддиву техникӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа зоҳир намудан асоси рушди соҳа мебошад. 
 
Файзулло БОБОЕВ, 
омӯзгори фанни забони англисии 
МТМУ № 43, ноҳияи Шаҳринав
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2022    №: 22    Мутолиа карданд: 4522
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед