logo

фарҳанг

ҲАР ЧИ ДОРАНД ИН ҶАМОАТ АЗ ДУОИ МОДАР АСТ. РУҶУЕ ДАР ПОЯИ МУҶАССАМАИ «ДУОИ МОДАР»

Модар калимаест  аз ҳама гуна зебоиҳо нозанинтару аз шаҳд ширинтар  ва шуниданаш аз ҳама чизи дигар  гуворотар. Вақте ин калимаро ба забон меорем, ба ҷаҳони меҳру муҳаббат, дунёи меҳру шафқат ва олами самимият ворид мегардем. Ин калима дунёест, ки дар он суруди «Алла» танинандоз аст. Модар сарчашмаи ҳаёт, дунёи меҳр, ҷаҳони орзуҳо, оромиши қалбҳост. Файзи зиндагонӣ  аз баракати ӯст. Оре, модар аст, ки туфайли ӯ дунё ободу зебост.

 
Бе модар баҳори зебоманзар ва тирамоҳи заррин бароямон тираву торик менамояд. Модар мисоли ситораи дурахшонест, ки пайваста роҳи фарзандашро рӯшан месозад. Модар  дар парешонҳолиҳо мунис, дар ғаму андуҳ дастгир  ва дар ҳама ҳолат дуогӯйи фарзанд мебошад. Дар гетӣ гармтар аз гармии Офтоб, ширинтар аз шаҳд ва нармтар аз дили модар чизе вуҷуд надорад.   Дар ҳаққи бузургии зан шахсиятҳои номвар суханҳои зиёде гуфтаанд. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Биҳишт зери қудуми модарон аст». 
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳар чи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони карим, 
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
Шоирону адибон симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, ба қадри тавон тавонистаанд бузургии модарро дар навиштаҳояшон баён намоянд. Оре, модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Ҳамин бузургию манзалати модарро ба назар гирифта, соли 2009 бо Фармони махсус Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 мартро Рӯзи Модар эълон намуданд.
Сафарҳои кории Пешвои миллат ба ҳама гӯшаву канори ватанамон аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш мешаваду тамоми пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлол мардумро ба ояндаи дурахшон раҳсипор мекунанд. Ҳар шаҳру ноҳия бо сохтани иншооте аз ободкориашон дарак медиҳанду сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро пайгирӣ менамоянд. Шоиста аст, ки раҳбарони шаҳри Хуҷанд бо сохтани муҷассамаи модар собит намуданд: ин ҳама пешравиҳову муваффақиятҳо танҳо аз дуои неки модар аст. Лаҳзаи бардоштани парда аз рӯйи муҷассамаи «Дуои модар» аз ҷониби Сарвари  давлат дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва ашкҳои  беихтиёр ҷоришудаи ин марди хирад ба ёди модар қалби ҳар бинандаро мисли дарёи хурӯшони кӯҳистон ба ҷӯш оварда, такони бузурге медиҳад. Нигоҳҳои пурмуҳаббату дидагони пуроб, хумори навозишу оғӯши модар, ёди даврони кӯдакиву домони беғами тифлӣ, чанд лаҳза сукут кардану бе садо ҳамроз шудан бо модару ҳасрати дил кардани ин марди Худо бори дигар исбот намуд, ки назди бузургии хидматҳои модар абармардони олам, шоҳон, шоирон ва олимони машҳури ҷаҳон  сари таъзим фуруд меоранд. Бузургиву матонати модарро ба инобат гирифта, Сарвари давлат дар ҳамаи вохӯриҳо хидмати волидонро ба ҷо овардану онҳоро қадр намудан сухан карда, чунин таъкид менамоянд:  «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва, аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор мебошад». Бешак, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хидмати модарро ба ҷо овардаанд ва аз дуои неки ӯ бархӯрдор гаштаанд. Ба чунин мартаба расидан ва соҳиби эҳтироми пиру ҷавони кишвар шудан, аз аҳволи ҳар шахси танҳо бохабар будан, сари ятимонро сила намудан, маъюбонро дастгирӣ кардан далели гуфтаҳост.
Дасти дуои модар калиди хушбахтиҳоямон аст. Пайдост, ки орифону фозилон, косибону олимон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд.  
Замоне ки сухан дар бораи модар меравад,  шоире шеър қироат мекунад,  сарояндае суруд мехонад ва ё муҷассамаи модареро мебинем, касро як ҳолати аҷиби фаро мегирад. Баробари шунидани номи модар чеҳраи нуроние ҳувайдо мегардад, ки ҳаёташро ба мо бахшидааст. Муҳаббати беинтиҳои модар дар қалб ҷӯш мезанаду одамро ҳиссиёти дилангезе фаро мегирад. 
Воқеан, модар синну сол надорад, хоҳ садсола аст хоҳ бистсола, бузургу беҳамтост. Касоне, ки худ, аллакай, модар ё падар шудаанд ва ё ба пиронсолӣ расидаанд, боз ҳам ба меҳру насиҳатҳои модар эҳтиёҷ доранд. Сарфи назар аз синни инсон, хоҳ панҷсола асту хоҳ панҷоҳсола, барояш меҳру муҳаббати модар, навозишу нигоҳи вай зарур аст, чунки ягона меҳри беандозаи модар метавонад, ки моро ба олами маонӣ раҳсипору ҳомӣ бошад.
Одамизод баъди раҳо гаштан аз оғӯши гарму домони поки модар қимати ӯро дарк менамояд, зеро монанди канори модар ва домони поки биҳиштосои ӯ дигар ҷойе нест.  Афсӯсу сад афсӯси дигар, ки на ҳама вақт мо ба қадри ин неъмати бебаҳо мерасем. Гаҳе ғарқи дарёи ошиқӣ, ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ва ё саргарми корҳои дигар модареро, ки бо сад ноз моро парварид, фаромӯш месозем. Бояд дар хотир дошт, ки ба ҷо овардани иззату эҳтиром, хидмати модар ва гирифтани як каф дуои ӯ кафолати сарбаландии мо дар  дунё ва охират мебошад.
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2022    №: 22    Мутолиа карданд: 1745
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед